06:02 28 майи 2018
Пахши мустақим
  • USD8.98
  • EUR10.49
  • RUB0.14
Греко-римская борьба, архивное фото

Дар Хуҷанд миёни ҷавонон мусобиқаи байналмилалии куштии озоду фарангӣ баргузор мешавад

© Sputnik / Алексей Филиппов
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
29 0 0

Мусобиқаи байналмилалии куштии озод ва фарангӣ миёни ҷавонон 27 - 28-уми октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд, ин зӯрозмоӣ дар чорчӯби барномаҳои варзишии Соли ҷавонон дар Тоҷикистон баргузор мегардад.

Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ куштигирон аз Русия, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон, Афғонистон ва вилоятҳои Тоҷикистон зӯрозмоӣ хоҳанд кард.

Ғолибони мусобиқа ҷоизаҳои ҳукумати вилояти Суғдро дарёфт хоҳанд кард.

Гуфтанист, дар чорчӯби барномаҳои "Соли ҷавонон" 13 — 14-уми октябр дар шаҳри Гулистон мусобиқаи ҷудо миёни наврасон — дастпарварони муассисаҳои варзишии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҳамчунин 13 — 16-уми октябр дар майдони варзишии "Пахтакор" дар шаҳри Қӯрғонтеппа — маркази вилояти Хатлон, низ мусобиқаи чавгонбозӣ миёни наврасони то 16 сола баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа панҷ даста, аз ҷумлу ду даста аз Хатлон, як даста аз Суғд, ва ду даст аз шаҳри Душанбе бо якдигар зӯрозмоӣ карданд.

Саранҷом яке аз дастаҳои Душанбе бар ҳамовардонаш пирӯз шуда ва мақоми дувумро дастаи Суғд ба даст оварда ва мақоми севум аз они дастаи Хатлон шудааст.

Мавзуъ

Сомон Маҳмадбеков қаҳрамони Ҷоми ҷудои Урупо шуд
Паҳлавони тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳонии ҷудо севум шуд
Паҳлавони тоҷик қаҳрамони "Ҷоми ҷудои Амрико" шуд
Паҳлавони тоҷик дар сабқати ҷудои Русия медали тилло ба даст овард
Барчаспҳо:
озоду фарангӣ, куштӣ, мусобиқа, ҳукумати вилояти Суғд, Тоҷикистон-Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ