03:19 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
69 0 0

Ба ҳисоби миёна ҷойи аввалро варзишгарони тоҷик, ҷойи дуюмро куштигирон аз Русия ва ҷойи сеюмро варзишкорони қирғиз соҳиб шуданд

ДУШАНБЕ, 31 окт — Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад, ки варзишкорони тоҷик дар сабқати байналмилалии куштии озод соҳиби мақоми аввал шуданд.

Бино бар иттилои манбаъ, ин мусобиқа рӯзҳои 27 — 28 октябр дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Гуфта мешавад, ки дар маросими ихтитомияи ин мусобиқот муовини аввали раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Олимҷон Зоҳидзода ва мураббии хидматнишондодаи Русия Муҳаммад Ҳусейнов ба ғолибон ҷоизаҳои ёдгорӣ, медал, ифтихорнома ва ҷоизаҳои нақдӣ тақдим кардаанд.

Дар ин мусобиқа аз ҷиҳати ишғоли ҷойҳои намоён ва миқдори медалҳои ба дастовардаи варзишгарон ба ҳисоби миёна ҷойи аввалро куштигирони тоҷик, ҷои дувумро куштигирон аз Русия ва ҷойи севумро варзишкорони қирғиз соҳиб шуданд.

Меҳмонон ва варзишгарони хориҷӣ барои ташкили чунин мусобиқаи байналмилалӣ аз мизбонон сипосгузорӣ кардаанд.

Мавзуъ

Варзишкори тоҷик Анушервон Назарзода аз Думаи Маскав ҷоиза дарёфт кард
Варзишкорони тоҷик аз қаҳрамонии самбои ҷаҳон 3 медол оварданд
Муроҷиатномаи ҷавонон ва варзишкорони пойтахт ба Рустам Эмомалӣ
Барчаспҳо:
мақоми аввал, варзиш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ