ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Бино ба гузориши Федеросюни футболи Тоҷикистон, шаҳроварди ду дастаи пойтахтӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ягона голро дар ин бозӣ ҳамлагари дастаи футболи "Истиқлол" Дилшод Восиев дар 16-умин дақиқа аз ҷаримаи 11-метрӣ ба дарвозаи артишиёни "Помир" зад.
Дар ин шаҳровард дастае пирӯз хоҳад шуд, ки дар ҳар ду бозӣ ҳамовардашро шикаст диҳад.
Дувумин бозии дастаҳои БМВА "Помир" ва "Истиқлол" дар даври ниманиҳоӣ фардо, 21 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.