Ҷоми Тоҷикистон: "Помир" "Истиқлол"-ро шикаст дод, вале ба даври ниҳоӣ роҳ наёфт

© сайт ФК "Истиклол" в FacebookФК "Истиклол"
ФК Истиклол - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими "Истиқлол" дар бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон бар дастаи КМВА "Помир" бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзи гузашта  бозии ҷавоби итими "Истиқлол" ва Бошгоҳи марказии варзишии Артиш "Помир" дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо гардид.,

Бино бар иттилои манбаъ, дар бозии дувуми дастаҳо  КМВА "Помир" бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Дастаи "Истиқлол" дар бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон, бар дастаи меҳмон КМВА "Помир" — бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд.

"Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои ду бозӣ ҳисоб баробар — 3:3 шуд ва бар асоси дастури мусобиқот ду голи дар майдони рақиб задаи "Истиқлол" ба даста пирӯзӣ овард"- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Зимнан, ҳарсе голи "Истиқлол" дар ду бозӣ ба ҳамлагар Дилшод Восиев мансуб аст. Ӯ дар бозии аввал голи ягонаро аз ҷаримаи 11-метра дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 16-ум ба ҳадаф расонд. Дар бозии ҷавобӣ ду голи Дилшод Восиев дастаи "Истиқлол"-ро ба финал баровард.

Лентаи хабарҳо
0