Ҳадяи Рамазон Раҳимзода ба Эмомҳусайни 7-сола

© МВД РТМинистр МВД РТ Рамазон Рахимзода подарил часы молодому спортсмену, архивное фото
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода подарил часы молодому спортсмену, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури дохилии Тоҷикистон аз дастоварлҳои варзишкори наврас Эмомаҳусайн Умаров қадрдонӣ кард

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки раҳбари ин ниҳод бо яке аз ҷавонтарин варзишгарони номдори Тоҷикистон — Эмомҳусайн Умаров дидор карда ва ҳадяе ба ӯ додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, генерал-полковники милиса Рамазон Раҳимзода дар дидор бо ин варзишгари наврас ҳунари ӯро баланд арзёбӣ карда ва барои дастовардҳояш ба вай соати дастӣ ва дигар ҳадяҳои ёдмон додааст.

Эмомҳусайн Умарови 7-сола аз ҷавонтарин варзишгарони Маҷмаъи варзишии ВУД ҶТ "Динамо" аст, ки пайваста дар ин маҷмаъаи варзишӣ тамрин намуда, бо ҳунари варзишии худ таваҷҷуҳи мардуми кишварро ҷалб мекунад.

Вай ҳарчанд хурдсол аст, аммо дар боло кардани тан бо зӯри бозу ҳамто надошта, дар як замон то 11 ҳазор бор ин варзишро иҷро мекунад. Ҳамчунин Эмомҳусайн Умаров дар иҷрои ҳаракоти гуногуни акрабатик низ маҳорати боло дорад.

Маҷмаъи варзишии ВУД ҶТ "Динамо" дар тарбияи варзишгарони ҷавон саҳми арзанда дошта, ҳамасола дастпарварони он дар мусобиқаҳои кишварӣ ва байналмилалӣ бо ишғоли ҷойҳои намоён парчами кишварро баланд мебардоранд.

Лентаи хабарҳо
0