Варзишкор Муин Ғафуров қаҳрамони самбои размии ҷаҳон шуд

© Из личного архива Муина Гафурова Муин Гафуров, архивное фото
Муин Гафуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе қаҳрамонии ҷаҳонии самбои размӣ байни мардон баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik.Сабқат дар шаҳри Душанбе  бо ибтикори Федератсияи ҷаҳонии самбои размӣ(WCSF) ва дастгирии Лигаи самбои размӣ баргузор шуд.

Дар қаҳрамонии мазкур варзишкорони Бразилия, Русия, Тоҷикистон, Испания, Фаронса, Украина, Эрон, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон ширкат доштанд.

Варзишкорон дар 7 категорияи вазнӣ ба майдон баромаданд.  Бароиқаҳрамон шудан ҳамагӣ 63 варзишкор размоиш карданд.

Дар категорияи вазнии 57 кг варзишкори тоҷик Хуршед Назаров ба варзишкори Русия Ризо Ризоев пирӯз шуд. Дар сабқати ниҳоӣ дар вазни 62 кг варзишкори машҳури тоҷик Муин Ғафуров  ба ҳарифи украиниаш Сергей Бобир ғолиб омад.

Як варзишкори дигари тоҷик Суярбек Сайфов дар вазни 82 кг ба ҳарифи украиниаш мағлуб шуд ва медоли нуқра ба даст овард. Ҳамчунин як медоли нуқраи дигарро Умед Ҳамроев дар вазни 90 кг ба даст овард. Варзишкор Файзиддин Раҷабалӣ дар вазни 68 кг севумин шуд ва медоли биринҷӣ гирифт.

Дар умум дар ин қаҳрамонӣ мақоми аввалро Украина, дуввумро Тоҷикистон гирифтанд ва севвумин Русия шуд.

Лентаи хабарҳо
0