Варзишкорони навраси тоҷик аз Ҷоми ушуи Урупо дар Русия 12 медол ба даст оварданд

© Федерация ушу РТСборная Таджикистана по ушу, архивное фото
Сборная Таджикистана по ушу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар зӯрозмоиҳо миёни наврасони 13 - 16-сола ушукори тоҷик Муҳаммадхоҷа Аҳмадов медоли тилло ба гардан овехт ва Саидафзао Икромов медоли биринҷии зӯрозмоиҳо миёни наврасони 7 - 9-соларо ба даст овард

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Дар мусобиқоти Ҷоми ушуи Урупо, ки чанде пеш дар Санкт-Петербург баргузор шуд, дастаи размикорони навраси тоҷик 12 медол ба даст овард.

Ба гузориши Федеросиюни ушуи Тоҷикистон, дар ин мусобиқот варзишкорони наврас аз Тоҷикистон, Русия, Укроин, Узбакистон, Белжик, Олмон ва дигар кишварҳо зӯромзӣ карданд.

Барномаи ин мусобиқот иҷрои ҳаракоти ҳунарҳои размии чинӣ бо ҷангафзор ва бе ҷангафзорро дар бар мегирифт.

Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқот Мирзодалер Хуршедзода, Муҳаммадхоҷа Аҳмадов, Нигина Ҷалолова ва Саидафзал Икромов ширкат доштанд. Ушукорони тоҷик дар ин мусобиқот 8 медоли тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.    

Чунончи, дар зӯрозмоиҳо миёни наврасони 13 — 16-сола ушукори тоҷик Муҳаммадхоҷа Аҳмадов медоли тилло ба гардан овехт ва Саидафзал Икромов медоли биринҷии зӯрозмоиҳо миёни наврасони 7 — 9-соларо ба даст овард. Нигина Ҷалолова ду медоли тилло аз мусобиқоти бонувон дар гурӯҳи 17 — 30-солаҳоро ба гардан овехт.

Мирзодалер Хуршедзода дар панҷ ришта аз ин мусобиқот медоли тилло ба даст овард ва Ҷоми қаҳрамони мутлақи мусобиқотро низ бо худ бурд.

Лентаи хабарҳо
0