Туҳфаҳои генерал Раҳимзода ба ғолибони сабқатҳои варзишии Хоруғ

© Пресс-служба МВД РТМаросими туҳфасупорӣ ба ғолибони сабқатҳои варзишӣ дар шаҳри Хоруғ
Маросими туҳфасупорӣ ба ғолибони сабқатҳои варзишӣ дар шаҳри Хоруғ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилӣ ғолибони мусобиқаҳои варзиширо аз рӯи намудҳои волейбол байни мардон ва занон, футболи хурд, шоҳмот ва шашка, бо Шоҳчоиза "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ", мукофотҳои пулӣ, Ифтихорномаҳою Раҳматномаҳо, дипломҳо ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намудааст

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки бо иқдоми Раҳимзода Рамазон ҳамасола дар саросари кишвар мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Вазири корҳои дохилӣ мусобиқаҳои варзиширо аз рӯи намудҳои волейбол, футболи хурд, шоҳмот ва шашка барои дарёфти "Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар шаҳри Хоруғи ВМКБ ташкил намудааст.

Ҷавонони Авангард дар ДОМ - Sputnik Тоҷикистон
Бо супориши раисҷумҳур: ҷавонони Душанбе аз UCA Хоруғ боздид карданд

Ҳадафи баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш, рушд ва тарғиби он дар байни ҷавонони вилоят, тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ ва ватанпарастӣ, мустаҳкам намудани тайёрии минбаъдаи ҷисмонии ҷавонон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, террористию-эстремистӣ гуфта шудааст.

Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи Хоруғ дар маросими туҳфасупорӣ раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед, Вазири корҳои дохилӣ РамазонРаҳимзода ва сардори РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб ширкат кардаанд.

"Дар маросими туҳфасупорӣ Вазири корҳои дохилӣ ғолибони мусобиқаҳои варзиширо аз рӯи намудҳои волейбол байни мардон ва занон, футболи хурд, шоҳмот ва шашка, бо Шоҳчоиза "Ҷоми Вазири корҳои дохилӣ", мукофотҳои пулӣ, Ифтихорномаҳою Раҳматномаҳо, дипломҳо ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд", — омадааст дар хабарнома.

Зимни баромад дар чорабинии мазкур Раҳимзода кулли варзишгарон ва иштирокдоронро бо чорабиниҳои варзишӣ табрик намуда, ҷавононро барои ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иштироки  дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ даъват кардааст.

Дар анҷоми чорабинӣ бо супориши Вазири корҳои дохилӣ барои болидагии хотири иштирокдорони мусобиқаҳои варзишӣ ва мухлисон аз тарафи ансамбли "Сипар"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши консертӣ пешниҳод гардид.

Лентаи хабарҳо
0