Бисту панҷумин медали тиллои Хушбахт Қурбонмамадов дар Амрико

© Фото : Instagram / khush_judo1993Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото
Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишкори тоҷик дирӯз, 3 феврал дар қаҳрамонии ба номи Ҷим Педро дар шаҳри Бостони Амрико соҳиби мақоми аввал ва медали тилло шуд

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik.  Ин 25-умин медали тиллои Хушбахт дар сабқатҳои Амрико мебошад. 

Дар ин бора паҳлавони тоҷик дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Хушбахт Қурбонмаҳмадов: орзу дорам қаҳрамони олимпии 2020 шавам

Дар мусобиқаи байнулмилаллии Бостон ба номи Ҷим Педро дар риштаи ҷудо, беш аз 350 варзишкор аз манотиқи гуногуни ҷаҳон аз ҷумла Канада, Австралия, Амрико, Гурҷистон ва ғайра байни ҳам рақобат карданд.

Паҳлавони тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов дар ин сабқат шаш рақиби худро мағлуб кард. Ӯ дар вазни 66 кг дар даври ниҳоӣ рақиби  худро аз Канада мағлуб карда, соҳиби мақоми аввал ва медали тилло шуд.

"Сипос ба ҳамаи шумо, ки ба ман бовар кардед, маро барои омодагӣ ба ин сабқат кӯмак намудед", — навиштааст Хушбахт дар саҳифаи фейсбукии худ.

Пештар хабар дода шуд, ки варзишкори машҳури тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов, дар сабқати кушоди ҷудо дар Ню Ҷерсӣ соҳиби ду медали тилло шуд.

Лентаи хабарҳо
0