16:27 21 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Рустам Эмомали демонстрирует кубок чемпионата мира по футболу в Таджикистане

Ҷоми ҷаҳонии футбол ба шаҳри Душанбе расид

© Национальное информационное агентство Таджикистана «Ховар»
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
121 0 0

Ҷоми заррини Қаҳрамонии ҷаҳонии футбол-2018 имрӯз ба пойтахти Тоҷикистон оварда шуд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ҷоми Қаҳрамонии ҷаҳонии футбол дар чорчӯби барномаи “FIFA World Cup Trophy Tour” ба шаҳри Душанбе оварда шуд.

“Ҷоми ҷаҳонии футбол дар чорчӯби барномае, ки бо дастгирии ширкати “Coca Cola” баргузор шудааст, ба пойтахти Тоҷикистон оварда шуд”, — гуфта мешавад дар иттилоъия.

Намояндагони Федеросюни байналмилалии футбол (FIFA) ва ширкати “Coca Cola”-ро, ки Ҷоми ҷаҳонии футболро ба Душанбе оварданд, дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе раиси Федеросюни футболи Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ пешвоз гирифт.

Сипас бо ширкати меҳмонон ва мақомоти ФФТ дар маҷмаъаи “Кохи Борбад” нишасти хабарӣ оғоз шуд, ки ҳамакнун ҷараён дорад.

Ҷоми ҷаҳонии футболро, ки дар ҳавопаймои вижа ба шаҳри Душанбе оварда шуд, Кристиан Лалӣ Карамбё – қаҳрамони ҷаҳон ва Урупо, дукарат қаҳрамони Лиги қаҳрамонҳои УЕФА, нимпуштибони пешини дастаи мунтахаби Фаронса, ҳамроҳӣ мекунад.

Ин Ҷоми заррин дар “Кохи Борбад” ба намоиш гузошта шуда ва садҳо футболдӯст то кунун бо он акс гирифтаанд.

Ҷоми футболи ҷаҳон ҷоизаи аслиест, ки ба қаҳрамони футболи ҷаҳон дода мешавад, вале дар ихтиёри ФИФА мемонад. Ҷом аз тиллои холис сохта шудаааст ва 6,175 кг вазн дорад. Он аз ду пайкари инсонӣ иборат аст, ки кураи Заминро болои дастҳояшон бардоштаанд. Чунин намуд аз Ҷоми расмии ФИФА соли 1974 марсум шудааст.

Мавзуъ

Оё Ҷоми ҷаҳонии футбол имрӯз ба Тоҷикистон мерасад?
Футболбозони тоҷик дар Ҷоми Осиё аз Ҷопон шикаст хӯрданд
Вазорати кор ба муҳоҷирон: аз сафар ба Русия дар замони баргузории Ҷоми ҷаҳонии футбол худдорӣ кунед
Кристиан Карамбе Ҷоми ҷаҳонии футболро ба Тоҷикистон мебарад
Рафтори мухлисони футбол танзим мешавад: дар Тоҷикистон
Барчаспҳо:
Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018, ФФТ, ФИФА, Кристиан Лалӣ Карамбё, Рустам Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ