Муштзанҳои тоҷик дар Русия соҳиби камарбандҳои қаҳрамонӣ шуданд

© со страницы Якубова в соцсетиБоксер Мухаммад Якубов , архивное фото
Боксер Мухаммад Якубов , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муштзанҳои тоҷик Шавкат Раҳимов ва Муҳаммад Яқубов дар сабқати муштзании касбӣ дар Русия пирӯз шуданд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Дар шаҳри Екатеринбург аз ҷониби ширкати таблиғотии RCC Boxing Promotions шоми бокс баргузор гардид.  

Ҳаводиси аслии мусобиқа ду рақобат бо ширкати варзишкорони тоҷикистонӣ буд.

Дар мубориза барои гирифтани унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни сабук (59 кг) аз рӯи IBO, дорандаи камарбанди қаҳрамонӣ Шавкат Раҳимов, дар давраи 8-уми мусобиқа варзишгари Африқои Ҷанубӣ  Малколм Классеро ба таври нокаут шикаст дод. Раҳимов унвони ҷаҳонии бокси IBO-ро бо муваффақият дифоъ намуд.

Лолабегим Мемоншоева заняла первое место на чемпионате Москвы по боксу - Sputnik Тоҷикистон
Лолабегим Мемоншоева қаҳрамони муштзании Маскав шуд

Дар доираи вазни сабуки аввал дар рақобати дувоздаҳраунда ҳамзамон ду унвон дар майдон гузошта шуда буд: WBA Continental ва IBF Baltic.

Барои соҳиб шудан ба ин камарбандҳо намояндагони Тоҷикистон  Муҳаммад Яқубов ва Русия  Марк Урванов қувваозмоӣ намуданд.

Нимаи аввали рақобат ба таври дар масофаи дур-миёна мегузашт. Ҳар ду муштзан бештар зарбаҳои ҷудогона ва комбинатсияҳои ду-се зарбаӣ нишон медоданд.

Яқубов Урвановро хатарнокона ва бо ҳиллаву найранг ба тарафи чап афтонд ва дар даври чаҳорум барои Марк нокдаун ҳисобида шуд. Пас аз ин, Марк пеш мерафт, ба Муҳаммад фишор меовард, вале Яқубов бо пойҳояш олиҷанобона кор мекард, аксар вақт худашро аз ҳамлаҳои рақибаш дур мегирифт, вале дар айни ҳол, ҷавоб доданро фаромӯш намекард.

Дар даврҳои ниҳоӣ Урванов ба ҳуҷум рӯ овард, зарбаҳои вай дақиқона мегузаштанд, вале кор аз ҳад гузашта буд — тактикаи муштзани тоҷикистонӣ сад дар сад кор карда буд.

Натиҷаи ин рақобати шадид бо тасмими якдилонаи доварон ғалабаи Муҳаммад Яъқубов шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0