20:50 19 июни 2018
Пахши мустақим
  • USD9.10
  • EUR10.50
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Интиқоди Раҳмон аз фаъолияти мураббиён ва федератсияҳои варзишӣ

© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
6920

Фаъолияти сусти баъзе федератсияҳои варзиширо махсус зикр бояд кард, ки баъзеи онҳо ба ном таъсис ёфта, вале дар амал, махсусан, дар самти омода кардани варзишгарони касбӣ ва таъмин намудани иштироки онҳо дар мусобиқаҳои бонуфуз ташаббус нишон намедиҳанд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистони Эмомалӣ Раҳмон дирӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи кулли Кумитаи миллии олимпӣ ва мулоқот бо масъулини соҳаи варзиш аз фаъолияти бархе аз Федератсияҳои варзишӣ интиқод кард.

Ба гуфти раисҷумҳур, аз 52 федератсияи варзишии амалкунанда танҳо 16 федератсия ба талаботи аккредитатсияи давлатӣ ҷавобгӯ мебошад.

"Мехоҳам таъкид намоям, ки дастовардҳои варзишгарони кишвар ва раванди оммавигардонии варзиш ҳанӯз ҳам қонеъкунанда нестанд. Варзишгарони мо на дар ҳамаи мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат меварзанд ё аз қувваозмоиҳо бенатиҷа бармегарданд",-гуфт раисҷумҳур.

Дар ин росто Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти сусти бархе аз федератсияҳо интиқод кард.

"Фаъолияти сусти баъзе федератсияҳои варзиширо махсус зикр бояд кард, ки баъзеи онҳо ба ном таъсис ёфта, вале дар амал, махсусан, дар самти омода кардани варзишгарони касбӣ ва таъмин намудани иштироки онҳо дар мусобиқаҳои бонуфуз ташаббус нишон намедиҳанд".

Ҳамчунин раисҷумҳур бар замми ин, аз донишу малакаи мураббиён, ки ба ин федератсияҳо ҷалб мешаванд изҳори норозигӣ карда, гуфт ки аксари онҳо ба такмили маҳорату таҷрибаи варзишӣ ниёз доранд.

"Хусусан, мураббиёне, ки ба омодагии олимпӣ машғул мебошанд, бештар ба такмили тахассус ниёз дошта, барои онҳо бояд курсҳои алоҳида ташкил карда, ҷиҳати омӯзиши таҷриба ба кишварҳои пешрафта фиристода шаванд".

Вобаста ба фаъолияти федератсияҳои варзишӣ, раисҷумҳур, ёдоварӣ кард, ки ба ҳайъати баъзе аз онҳо шахсони тасодуфӣ ворид гардидаанд ва дар натиҷа чунин федератсияҳо дар давоми солҳои зиёд ба ягон дастовард ноил нашудаанд ва роҳбарону масъулони онҳо ҳатто дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намекунанд.

Дар ин росто Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Кумитаи миллии олимпӣ супориш дода мешавад, ки барои тақвияти фаъолияти федератсияҳои варзишӣ чораҷӯӣ карда, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2015 ҳамаи федератсияҳои варзиширо аз аккредитатсияи давлатӣ гузаронад.

Барчаспҳо:
ҷавобгӯй набудан, фаъолияти федератсияҳо, интиқод, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ