05:00 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.64
  • RUB0.15
Рамзи Бозиҳои паралимпӣ. Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистонро дар Бозиҳои паралимпӣ Сиёвуш Илёсов муаррифӣ мекунад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
43 0 0

Варзишкори тоҷик Сиёвуш Илёсов Тоҷикистонро дар Бозиҳои паралимпӣ муаррифӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. ба гузориши равобити умуми Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Дастаи Тоҷикистон иборат аз 5 нафар 4 март ҷиҳати иштирок дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ ба Ҷумҳурии Корея сафар кард.

Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ варзишгар Сиёвуш Илёсов намояндагӣ мекунад. Ӯ дар намуди лижаронӣ қувваозмоӣ мекунад.

Сиёвуш Илёсов барои ба даст овардани роҳхат дар Омон ба машғулиятҳои тамринӣ фаро гирифта шуда, аз 17 то 20 феврал дар Куриё дар мусобиқаи интихобӣ иштирок кардааст.

Илёсов аз 20 феврал то 4 март дар Ҷоми ҷаҳон оид ба лижаронӣ ширкат карда, бо 392 хол соҳиби роҳхат ба Бозиҳои паралимпӣ гардид.

Сиёвушро дар ин сафар мураббияш Илҳомиддин Абдуллоев, президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон Сафар Боев, роҳбари даста Абдурауф Алимов ва ноиби президенти Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Тоҷикистон Зиннатулло Саидов ҳамроҳӣ менамоянд.

Тоҷикистон бори аввал дар Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ иштирок мекунад.

Бозиҳои зимистонаи паралимпӣ аз 9 то 18 март дар шаҳри Пйонгчанги Куриё баргузор мешаванд.

Барои иштирок дар бозиҳо 570 нафар варзишкорон аз 49 кишвар ба қайд гирифта шудаанд. Се дастаи калонтарин-ИМА (68 варзишгар), Канада (52 варзишгар) ва Ҷопон (38 варзишгар) мебошанд.

Барчаспҳо:
Куриё-2018, ширкат дар Бозиҳои паралимпӣ, Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ