Бонувони Донишгоҳи Славянӣ дастаи Бонки миллиро мағлуб карданд

© Sputnik / Ситдиков РамильСпартакиада в честь алмазного юбилея
Спартакиада в честь алмазного юбилея - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Душанбе сабқати волейбол миёни бонувони донишгоҳҳо ва вазоратҳо ҷамъбаст гардид

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, муддати 2 моҳ 25 дастаи бонувони сохторҳои вазорату идора, раёсату муассиса ва ташкилоту корхонаҳои пойтахт байни худ қувваозмоӣ карданд.

Дар рақобати ниҳоии мусобиқа дастаи волейболбозони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия бар тими Бонки миллии Тоҷикистон дастболо шуда, ғолиби мусобиқа ва соҳиби Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе гардид.

Дастаи Бонки миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи дуюм ва бонувони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба дарёфти мақоми сеюм ноил шуданд.

Ҷойи чоруми мусобиқа, насиби варзишгарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гардид.

Гуфта мешавад, ки ғолибон бо Ҷоми раиси шаҳри Душанбе, медалу диплом ва туҳфаҳои молию пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардидаанд.

Лентаи хабарҳо
0