Шакар Мирмамадов дар Хоруғ беҳтарин паҳлавон дониста шуд

© SputnikКубок столицы по борьбе гуштингири
Кубок столицы по борьбе гуштингири - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишкорон аз рӯйи чор вазн - 65,67, 75 ва 85 кг зӯрозмоӣ карда, ғолибон бо тӯҳфаҳои арзанда сарфароз гаштанд

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар шаҳри Хоруғ сабқати кушоди куштигирии миллӣ баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҶТ.
Бино бар иттилои манбаъ, қувваозмоӣ дар Маракази омодагии олимпии ВМКБ байни варзишгарони аз 18 то 35 баргузор карда шуд.

"Варзишкорон аз рӯйи чор вазн — 65, 67, 75 ва 85 кг зӯрозмоӣ карда, ғбеҳтаринҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ бо тӯҳфаҳои арзишманду ифтихорномаҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр сарфароз гаштанд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Ба гуфтаи масъулини сабқат, зӯрозмоӣ дар сатҳи баланд ташкил гардида, дар он Шакар Мирмамадов (вазни 80 кг) аз маҳаллаи Фурудгоҳи Хоруғ беҳтарин паҳлавон дониста шуд.
Пештар, Рамзӣ Шамиров — нахустин довари байналмилалии ҷудо аз Тоҷикистон, гуфта буд, ки куштии тоҷикӣ фаротар аз марзҳои кишвар низ мардумписанд шудааст.

Вай афзуд, "куштӣ барои тоҷикон ҳам варзиш аст ва ҳам ҳунар. Бисёре аз ҷавонон куштигириро пеша интихоб мекунанд. Ман дар Помир зодаву бузург шудаам ва дар он вилоят ҳар писаре аз кӯдакӣ куштигир мешавад, зеро дар Тоҷикистон ҳеч базму шодӣ бе куштигирӣ намегузарад".

Лентаи хабарҳо
0