Ҳабиб Нурмуҳаммадов қаҳрамони мутлақи UFC шуд

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкТренировка бойца Хабиба Нурмагомедова
Тренировка бойца Хабиба Нурмагомедова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳабиб Нурмуҳаммадов рақиби амрикоии худ Эл Яквинтаро мағлуб карда қаҳрамони мутлақи UFC шуд

ДУШАНБЕ, 8 апр- Sputnik. Варзишкори русиягӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов рӯзи шанбе дар Амрико қаҳрамони мутлақи UFC шуд.

Рақобати панҷдаврае, ки рӯзи шанбе дар шаҳри Ню-Йорк дар чорчӯби сабқати UFC 223 баргузор шуд, бо қарори якдилонаи доварон ба тарафдории Ҳабиб Нурмуҳаммадов анҷом пазируфт.5 rounds for 15lbs of gold#UFC223 pic.twitter.com/qWzi4RgUWn

Нурмуҳаммадов 26-умин бор дар сабқати 26-уми худ пирӯз шуд. Яквинта бори чорум дар фаъолияти варзишиаш мағлуб шуд. Ӯ 13 бор пирӯз шудаасту як рақобаташро мусовӣ анҷом додааст.

Аҷиб аст, ки дар давоми ҳафта чанд бор рақиби Нурмуҳаммад дар даври ниҳоӣ иваз шуд: Тони Фергюсон, Макс Холлоуэй, Энтонии Петтис.

Яквинта барои Нурмуҳаммадов рақиби арзандае нест. Эл Яквинта дар вақти холигиаш ба ҳайси савдогари манзил фаъолият мекунаду ҳадаф надорад зиндагиашро ба размоиши омехта бахшад. Ӯ дар феҳристи варзишкорони сабуквазни UFC дар сатри 11-ум ҷой гирифтааст.

Ҳамчунин ҳамин ҳафта Конор Макгрегор ба автобусе, ки дар дохили он Ҳабиб Нурмуҳаммадов буд, ҳамла карда тирезаашро шикаст.

Варзишкори ирландӣ чандин бор Нурмуҳаммадовро таҳқир кардааст. Худи Ҳабиб ҳам Макгрегорро "чуҷа" ва "бургер кинг" меномад.

Лентаи хабарҳо
0