Раиси Федератсияи самбои Тоҷикистон истеъфо дод

© Национальный олимпийский комитет Республики ТаджикистанНовый председатель Федерации самбо Наҳтуллозода Давлатмурод, архивное фото
Новый председатель Федерации самбо Наҳтуллозода Давлатмурод, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наҳтуллозода Давлатумрод - мудири кулли КВД "Ташкили фурӯши амволи давлатӣ"-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ раиси нави федератсия пешниҳод ва интихоб шуд

ДУШАНБЕ, 11 апр- Sputnik. Раиси Федератсияи самбои Тоҷикистон Хайрулло Назриев истеъфо додааст. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, Наҳтуллозода Давлатумрод — мудири кулли КВД "Ташкили фурӯши амволи давлатӣ"-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ раиси нави федератсия пешниҳод ва интихоб шудааст.

"Дар толори маҷлиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи Маҷлиси умумии Федератсияи гуштини самбои Тоҷикистон баргузор ва Наҳтуллозода Давлатмурод раиси ин федератсия интихоб шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар ҷаласа вакилон аз ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ, ҳамчунин меҳмонон — раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Аҳтам Рустам, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Абдуллозода Муҳаммадшо ширкат карданд.

Иштирокдорони ҷаласа дар аввал раисикунадаи маҷлис, котиб ва рӯзномаи ҷаласаро ба таври овоздиҳӣ тасдиқ карданд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа аризаи истеъфои раиси федератсия Хайрулло Назриев хонда шуда, бо овоздиҳии вакилон қабул карда шуд.

Абдуллозода Аҳтам зимни суханронӣ Наҳутллозода Давлатмуродро барои интихоб шуданаш ба вазифаи раиси Федератсия самбо таҳният гуфта.

"Гуштини самбо дар кишвар рушд кардааст ва имрӯз дар ҷумҳурӣ беш аз 500 нафар дар ин намуди варзиш тамрин мекунанд. Варзишгарони мо дар сатҳи байналмилалӣ дастовардҳои назаррас доранд. Аз ҷумла соли гузашта дар чемпионати ҷаҳон тими мунтахаби самбои кишвар сазовори 5 медал гардиданд",- афзуд Абдуллозода.

Қайд гардид, ки гуштини самбо дар барномаи 18-ум Бозиҳои Осиё, ки моҳи августи имсол дар Индонезия баргузор мешавад, ворид гардидааст ва аз мураббиёни ин намуди варзиш даъват карда шуд, ки ба бозиҳо таҳти роҳбарии раиси нави федератсия ҷиддӣ омода шаванд.

Наҳтуллозода Давлатмурод барои боварӣ ва интихоб шуданаш ба ҳайси раиси Федератсияи самбо ба вакилон изҳори сипос карда, ваъда дод, ки барои рушди бештари гуштини самбо ҳамаи имкониятҳоро истифода хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0