07:23 27 апрели 2018
Пахши мустақим
Футболи занона

Духтарони тоҷику узбак футбол мебозанд: дидори Р.Эмомалӣ ва У. Аҳмадҷонов

© Sputnik Амир Исаев
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
64 0 0

Духтарони тоҷик бо ҳамсолони узбакашон аз рӯи футбол рақобат хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ ва шарикӣ байни якдигар ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад ФФТ.

Президенти кумитаи олимпии Узбакистон, муовини аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Узбакистон Умед Аҳмадҷонов дар чорчӯби сафари корӣ ба Душанбе, бо роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Тоҷикистон дидору мулоқот кардааст.

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, имрӯз бо муовини аввали президенти Ассотсиатсияи футболи Узбакистон Умед Аҳмадҷонов мулоқот кардааст.

Ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳимро муҳокима карданд ва дар бораи ҳамкории доимӣ байни федератсияҳои футболи миллии ҳарду кишвар ба мувофиқа расиданд.

Федерация футбола Таджикистана и Ассоциация футбола Узбекистана договорились о сотрудничестве
© ФФТ
Федерация футбола Таджикистана и Ассоциация футбола Узбекистана договорились о сотрудничестве

Роҳбарони ФФТ ва ФФУ нақшаи баргузор намудани вохӯриҳои дӯстонаро байни дастаҳои мунтахаби гуногуни футболи Тоҷикистон ва Узбакистон баррасӣ намуданд.

Инчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориро дар самти футболи занона, наврасон, футболи оммавӣ, тиббӣ, варзишӣ, таъминоти дастгирии илмӣ-техникӣ, тадрис, доварӣ ва дигар самтҳо ба роҳ монанд.

Дар доираи сафари корӣ ба Душанбе Умед Аҳмадҷонов, ки ҳамзамон президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказист, бозии даври сеюми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 – ро байни дастаҳои "Истиқлол"-и Тоҷикистон ва "Алай"-и Қирғизистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор тамошо намуд.

Барчаспҳо:
футбол, варзиш, дидору мулоқот, ФФТ, Умед Аҳмадҷонов, Рустам Эмомалӣ, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ