Пирӯзии Ёқубҷон Назиров дар Ҷоми Урупо

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкДзюдо,архивное фото
Дзюдо,архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Паҳлавони тоҷик дар сабқати ҷудои Ҷоми Урупо бар ҳамаи ҳарифонаш пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Ёқубҷон Назиров, паҳлавони тоҷик, дар Ҷоми Урупо оид ба ҷудо миёни ҷавонони то 21-сола, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, барандаи медали тилло гардид.

Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм панҷ пирӯзӣ ба даст овардааст. Сабқат рӯзҳои 14-15-уми апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд,ааст.

Ба гузориши манбаъ, Ёқубҷон дар вазни 90 кг дар даври муқаддамотӣ ҳарифонаш Деймон де Вос (Ҳолланд) ва Имеда Гоголадзе (Гурҷистон)-ро мағлуб карда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин давр, паҳлавони ҷопонӣ Санширо Мурао ва дар финал варзишгари дигари ҳолландӣ Том Бонешанскарро шикаст дод.

Комроншох Устопириён, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Медали тиллои Комроншоҳ Устопириён дар Гран-прии ҷудо

Дар мусобиқа 259 варзишгар аз 16 давлати ҷаҳон ширкат кардаанд.

Тоҷикистонро ғайр аз Ёқубҷон 7 варзишгари дигар намояндагӣ кардаанд: Мулораҷаб Халифаев, Суруш Тавакалов (-66 кг), Сомон Маҳмадбеков, Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Хушвақт Идиев, Файзалӣ Маҳмадов (-81 кг), Темур Маҳмадов (-90 кг). Аз миёни онҳо натиҷаи беҳтарро Мулораҷаб Халифаев нишод дод. Ӯ дар вазни —66 кг ҷои 7-умро ишғол кардааст.

Дар ҳисоби даставӣ Руссия бо 8 медали тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ сазовори ҷои аввал гардид. Ҷопон бо 5 медали тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ ҷои дуюм, Озарбойҷон бо 1 медали тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ ҷои сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло ва 1 ҷои ҳафтум дар мақоми панҷум ҷой гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0