06:07 22 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.06
  • RUB0.14
Дзюдо, акс аз бойгонӣ

Варзишкорони тоҷик аз Тошканд панҷ медал оварданд

© Азиатская федерацию дзюдо
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
66 0 0

Паҳлавонон дар Ҷоми кушоди дзюдои Осиё соҳиби 1 медали тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 17 апр- Sputnik. Паҳлавонони  тоҷик дар Ҷоми кушоди дзюдои Осиё миёни ҷавонон, ки 14-15 апрел дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, 5 медал — 1 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд.

Тавре аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон иттилоъ додаанд, дар мусобиқа 172 варзишгар аз 7 давлат, аз ҷумла аз Тоҷикистон 37 варзишгар (36 нафар миёни писарон ва 1 нафар миёни духтарон) иштирок намуданд.

Паҳлавонони ҷавони тоҷик Қувватов Муҳаммадризо дар вазни —60 кг медали тилло, Шоҳида Қаландарова дар вазни —57 кг миёни бонувон ва Шарифҷон Қурбонов дар вазни —55 кг миёни писарон медали нуқра, Разиаллоҳ Лоиқов дар вазни —66 кг ва Давлаталӣ Назаралиев дар вазни —55 кг медали биринҷии мусобиқаро ба даст оварданд.

Ҳамчунин дар Ҷоми кушоди Осиё оид ба дзюдо миёни наврасон, ки 12-13 апрели соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, паҳлавонони навраси тоҷик иштирок намуда, соҳиби се медал — 1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ гардиданд.

Ҳоло варзишгарони тоҷик ба Чемпионати Осиё оид ба дзюдо миёни наврасону ҷавонон, ки 10-13 майи соли равон дар шаҳри Бейрути Лубнон доир мешавад, омодагӣ мебинанд. Барои иштирок дар чемпионати мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 нафар миёни наврасон ва 11 нафар миёни ҷавонон сабти ном шудаанд.

Барчаспҳо:
медал, варзишкор, Тошканд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ