13:22 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Ҷоми ҷаҳонии футбол, акс аз бойгонӣ

Русия дар ҷоми ҷаҳонии футбол чӣ қадар пул кор мекунад

© Sputnik / Сергей Пятаков
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
Ҷоми ҷаҳони футбол-2018 дар Русия (15)
32710

Мудири кулли кумитаи ташкилотии “Русия-2018” Алексей Сорокин дар бораи саҳмгузории умумии тавлиди нохолиси миллии Русия роҷеъ ба гузаронидани ҷоми ҷаҳонӣ гузориш дод

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Саҳми умумии омодагӣ ва баргузории ҷоми ҷаҳонии футбол- 2018 дар тавлиди нохолиси миллии Русия тақрибан 867 миллиард рублро ташкил медиҳад, иттилоъ дод мудири кулли кумитаи ташкилотии "Русия-2018" Алексей Сорокин.

Аз ҷумла, омодагӣ ва баргузории Ҷоми ҷаҳон-2018 имкон доданд, ки иловатан 220 ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар як сол эҷод шаванд.

Дар шаш сол ин ба аҳолӣ беш аз 400 миллиард рубли иловагӣ даромад меорад.

Дар айни замон, даромади корхонаҳои хурд ва миёнаи вобаста ба тарҳи ҷоми ҷаҳон тақрибан 836 миллиард рублро ташкил медиҳад, қайд намуд Сорокин.

Қаблан котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки таъсири иҷтимоию иқтисодӣ барои кишвар аз гузаронидани ҷоми ҷаҳонӣ, мутаносиб бо ҳазинаҳои созмондиҳии он аст.

"Мо ба ин розӣ нестем. Ҳисобҳои ҷадвалӣ дар ин ҷо ба дард намехӯранд. Ин, қабл аз ҳама, соддагардонии худи мавзӯъ ва таъсирҳои эҳтимолии он мебошад", — гуфта буд Песков дар ҷавоб ба суоли "Оё дар Кремл ба натиҷагириҳои тадқиқоти телевизиони РБК розиянд, ки тибқи он Ҷоми ҷаҳон-2018 ба иқтисодиёти Русия танҳо як такони кӯтоҳмуддат медиҳаду халос, аммо дар умум бошад, зараровар аст?".

Оқои Песков ҳамчунин маслиҳат дод, ки вазъияти Олимпиадаи зимистонаи Сочи-2014-ро ба хотир оред.

"Дар он ҷо низ чунин кӯшишҳои ҳисоби ҷадвалӣ вуҷуд дошт. Таҷрибаи ҳамаро дар як сутун ҷойгир кардан дар ин ҷо, қобили қабул нест. Ҳамчунин дар мавриди мероси олимпӣ бадхоҳон низ буданд. Шумо хуб медонед, ки Русия аз ҳама беҳтар дар дунё мушкили мероси олимпиро ҳал карда буд, ва ҳамчунин шумо нағз медонед, ки раисиҷумҳур Путин шахсан ба ин кор машғул буд", — тавзеҳ дод сухангӯи раисҷумҳур.

"Бар ин бино, қиёси мазкур некхоҳии кофӣ медиҳад то боварӣ ҳосил кард, ки мероси ин ҷоми ҷаҳонӣ ва таъсирҳои иқтисодиву иҷтимоии он мутаносиб бо хароҷоте хоҳанд буд, ки алъон истеҳсол мешавад", — афзуд  Песков.

Ҷоми ҷаҳонии футбол бори аввал  дар Русия аз 14 июн то 15 июли соли 2018 баргузор мешавад. Бозиҳои мусобиқаи мазкур дар шаҳрҳои Маскав, Калининград, Санкт-Петербург, Волгоград, Қазон, Нижний Новгород, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Екатеринбург ва Сочи мегузаранд.

Тамоми иттилоъро роҷеъ ба ҷоми ҷаҳони навбатии футбол дар Русия, метавонед дар вижалоиҳаи FIFA-2018 дарёфт кунед.

Мавзуҳо:
Ҷоми ҷаҳони футбол-2018 дар Русия (15)
Барчаспҳо:
даромад, пул, Ҷоми ҷаҳонии футбол, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ