Дилшод Назаров мавсими нави варзиширо дар ҷазираи Ямайка оғоз мекунад

Обуна шудан
Ин баҳор мавсими нави силсилаи муътабари IAAF Hammer Throw Challenge оғоз меёбад, ки дар он одатан пешвои дастаи миллии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук Дилшод Назаров, баромад мекунад

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Анҷумани байналмилалии варзиши сабук ҷадвали нави оғози силсилаи муътабарро нашр кард. Ҳар сол дар он варзишгари машҳури гурзандози тоҷик Дилшод Назаров иштирок мекунад. Дар чаҳорчӯбаи силсила нӯҳ оғоз барпо мегардад.   

Мусобиқаи нахустин 19 май дар Ямайка — Jamaica International Invitational — баргузор мегардад. Сипас гурзандозонро оғоз 20-уми май дар Япония — Seiko Golden Grand Prix Osaka-2018 — мунтазир аст, ва 5-уми июн бошад, дар Финляндия сабқати дигари байналмилалӣ — Paavo Nurmi Games — мегузарад. Беҳтарин гурзандозҳо 8-уми июн дар сабқати Лаҳистон, ва 13-уми июн бошад, дар Чехия рақобат хоҳанд кард. Баъдан сабқатҳо дар чаҳорчӯбаи силсилаи муътабар дар Испания, Словакия, Венгрия ва Лаҳистон гузаронида мешаванд.

Таджикские спортсмены на турнире по дзюдо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Варзишкорони тоҷик аз Тошканд панҷ медал оварданд

Мавсими гузашта дар силсилаи муътабари IAAF Hammer Throw Challenge Дилшод Назаров ҷои сеюмро ишғол намуда, дар рӯйхати беҳтарин гурзандозҳо буд. Сабқати ҷаҳонӣ дар Бритониё асосӣ буд. Дар марраи ниҳоӣ замони кӯшиши беҳтарини худ, вай гурзро ба масофаи 77,22 м. партофта, ҷои ҳафтумро гирифт.  

Он вақт ба намояндаи Тоҷикистон барои ишғоли ҷои ҳафтум, 5 ҳазор доллар дода шуда буд. Дар натиҷаи гузаронидани силсилаи муътабар, ҷои якумро варзишгари лаҳистонӣ Павел Файдек — 248.48 хол, дуюмро Войтсех Новитский — 236.32 ва ҷои сеюмро Дилшод Назаров — 231.40 хол, белорус Павел Бариша — 230,84 хол ва ҷойҳои чоруму панҷумро варзишгари бритонӣ Ник Миллер бо 229.56 хол соҳиб шуд.

Дар мавсими 2017 Назаров дар сабқати 56-уми Ostrava Golden Spike дар Острава (Чехия) баромад карда буд. Ғолиби мусобиқа варзишгари лаҳистонӣ Павел Новитский — 83.44 м. шуд. Ҷои дуюмро боз як варзишгари лаҳистонӣ Войтсех Новитский — 80.31 гирифт.  Варзишгари венгерӣ Бентс Халадж бо 78.85 м. дар ҷои сеюм буд.

Дилшод Назаров бо натиҷаи 77.81 м. ҷои чорумро касб кард. Ҳамчунин вай дар сабқати  Paavo Nurmi Games в Турку (Финляндия) баромад карда буд. Ғолиби мусобиқа Павек Файдек — 82.40 м. шуда буд. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро Войцех Новицкий — 76.71 м. ва Павел Бариша — 76.56 м. гирифта буданд. Дилшод Назаров ҷои панҷумро касб карда буд (75.69 м.).

Дильшод Назаров на чемпионате мира на Лондонском стадионе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дилшод Назаров яке аз беҳтарин гурзандозони сол шуд

Ӯ ҳамчунин дар сабқати 63-юми Janusz Kusocinski Memorial дар Шетсина (Лаҳистон) баромад кард. Ғолиби он мусобиқа варзишгари лаҳистонӣ Павек Файдек — 80.53 м. гашт. Ҷои дуюмро боз як варзишгари лаҳистонӣ Войтсех Новитский гирифта буд — 76.19 м. Ник Миллер аз Бритониё дар ҷои сеюм қарор дошт (76.00 м.).

Назаров бо натиҷаи 75,57 м ҷои чорумро ба даст оварда буд. Дар сабқати Istvan Gyulai Memorial дар Венгрия бори дигар варзишгари лаҳистонӣ Павек Файдек бо натиҷаи 82.54 ғалаба ба даст оварда буд. Дилшод дар ин сабқат бо натиҷаи 76.37 соҳиби ҷои чаҳорум гашт.

Лентаи хабарҳо
0