Пирӯзии чор варзишгар аз шаҳри Хуҷанд дар Қаҳрамонии ҷаҳон

© Дафтари матбуотии раиси шаҳри ХуҷандПирӯзии чор варзишкори тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ
Пирӯзии чор варзишкори тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин мусобиқа аз шаҳри Хуҷанд 8 нафар иштирок намуда, ҳамзамон Шероз Ахмедов ва Абдуғафур Абдуллоев роҳхати иштирок дар Чемпионати Осиё, ки моҳи июн дар давлати Қазоқистон баргузор мегардад, ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Чор варзишкор аз шаҳри Хуҷанд дар сабқати байналмилалӣ дар Абӯ Дабӣ пирӯзӣ ба даст оварданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, 14-28 апрели соли равон дар шаҳри Абу Дабии Аморати муттаҳидаи Араб Чемипионати ҷаҳон оид ба ҷиуҷитсу бо ширкати беш аз 7000 намояндаи 106 давлати дунё сурат гирифт.

Гуфта мешавад, дар сабқат аз вилояти Суғд 13 нафар иштирок намуда, 4 нафар хонандагони макотиби шаҳри Хуҷанд пирӯз шуданд.

"Ҳамин тавр, Муҳаммадалии Сафиоллоҳӣ мақоми аввал, Эраҷ Эминзода, Абдусалом Салимов ва Амриддин Абдукабирзода ҷойҳои дуюмро ба даст оварданд. Ғолибонро дар фазои тантанавӣ намояндагони Раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳру вилоят, ҳамсинфон, мураббиён, волидайн дар назди муҷассамаи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд истиқбол намуданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар ин мусобиқа аз шаҳри Хуҷанд 8 нафар иштирок намуда, ғайр аз 4 нафари ғолибон, ҳамзамон Шероз Ахмедов ва Абдуғафур Абдуллоев роҳхати иштирок дар Чемпионати Осиё, ки моҳи июн дар давлати Қазоқистон баргузор мегардад, ба даст оварданд.

Лентаи хабарҳо
0