Тоҷикони Русия ва Тоҷикистон дар Тотористон куштӣ гирифтанд

Обуна шудан
Дар шаҳри Қазони Тотористон сабқати миллии тоҷикон-куштӣ, бо ширкати беш аз 200 варзишгар аз 14 минтақаи Русия ва Тоҷикистон баргузор гардидааст

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Ин мусобиқа рӯзи 5 май миёни варзишгарони синну соли гуногун баргузор шудааст. Дар ин бора раиси маркази милливу фарҳангии тоҷикон дар Қазон "Сомониён" Ҳикматулло Гадоев хабар дод.

Ин сабқат бо ибтикори Маркази милливу фарҳангии тоҷикони "Сомониён" дар Тотористон бо ширкати беш аз 200 варзишгар аз 14 минтақаи Русия ва Тоҷикистон баргузор шудааст.

Дар ин мусобиқа варзишгарони тоҷик аз  Бошқирдистон, Удмуртия, Марий Эл, Чувашия, Ёқутистон, Челябинск, Свердловск, Уляновск, Самара, Новосибирск, Перм, Маскав ва Санкт-Петербург ширкат намуданд.

Ба гуфти раиси маркази милливу фарҳангии тоҷикони "Сомониён" Ҳикматулло Гадоев бори дувум аст, ки мусобиқаи куштӣ дар пойтахти Тотористон шаҳри Қазон баргузор мегардад.

"Бори нахуст ин мусобиқа соли 2016 баргузор шуда буд, аммо теъдоди варзишгарон он сол кам буд.  Имсол теъдоди варзишгарон ба маротиб афзудааст", — гуфт ӯ.

1/3
Сабқати куштӣ дар Қазон
2/3
Сабқати куштӣ дар Қазон
3/3
Сабқати куштӣ дар Қазон
1/3
Сабқати куштӣ дар Қазон
2/3
Сабқати куштӣ дар Қазон
3/3
Сабқати куштӣ дар Қазон

Сабқат барои тамошобинон комилан ройгон буда дар он беш аз 500 тамошобину мухлис ширкат кардааст.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳар сол дар Тотористон беш аз 30 ҳазор тоҷик расман ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ худро қайд мекунанд, инчунин дар донишгоҳҳои ин минтақа беш аз ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0