Бозигарони навраси "Помир" дар Сочи фаворит шуданд

© © Пресс-служба Мегафон ТаджикистанЮные футболисты едут в Сочи
Юные футболисты едут в Сочи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзноманигорону созмондиҳандагон ва худи бозигарони наврас, ки дар мусобиқаи байни атфоли ятим-"Оянда аз ту вобаста аст", ширкат мекунанд, футболбозони навраси дастаи "Помир"-ро аз самими қалб дӯст доштанд

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Охири моҳи апрел, дар зери шӯоҳои сӯзони офтоби Сочи, ғолибони мусобиқаи XIV футболи умумирусиягии кушод дар байни гурӯҳҳои бачагони мактаб-интернатҳо, таҳти унвони "Оянда аз худи ту вобаста аст", муайян шуданд.    

Ҷуғрофияи иштирокчиёни мусобиқа имсол бо васеии худ ҳамаро мафтун карда буд, менависад Р-Спорт.

Ҳамин тавр, 17 дастаи бачагонаи синни аз 12 то 15 солаи 15 манотиқи Русия, ва Тоҷикистон, ба Сочи омада буданд, то таи се рӯз бо ҳамсолонашон дар марҳилаи гурӯҳӣ, ва баъдан дар марҳилаи плей-офф, мубориза баранд.

Юные футболисты едут в Сочи - Sputnik Тоҷикистон
Бозигарони навраси "Помир" Тоҷикистонро дар Сочи муаррифӣ мекунанд

Фазо дар майдонҳои футбол ва берун аз онҳо, идона буд. Албатта, варзишгарони ҷавон ҳатто як лаҳза ҳам дар бораи ҳадафи асосии сафари худ ба ин мусобиқа — хонаи бачагони худро сазоворона нишон додан — фаромӯш намекарданд.

Аммо дар баробари ин, бачагон ҳис мекарданд, ки онҳо аллакай чизи бештареро буридаанд, аз он ки ин мусобиқа. Ҳар яке аз онҳо ҷузъи як оилаи калон шуда буд, ки ҳамеша дастгирӣ ва кӯмаки худро дареғ намедорад, то ин ки ту худро махсус ҳис кунӣ.

Албатта, ҳеҷ гуна мусобиқа бидуни дӯстдоштаҳо ва қаҳрамонони воқеии худ, намегузарад. Ин дафъа низ ҳамин тавр шуд.  

Рӯзноманигорон, созмондиҳандагон ва худи иштироккунандагон аз самими қалб дастаи Тоҷикистонро дӯст доштанд. Бачагон ба Сочӣ бе донистани забон, метавон гуфт ба меҳмонӣ, омада буданд. Онҳо аз рӯзноманигорон шарм мекарданду аз аккосон пинҳонӣ меҷӯстанд.

Эҳсосоти мизбонони хеле самимӣ ва воқеӣ буд - ҳангоми мукофотсупорӣ иштироккунандагони дигар бачаҳоро аз дастаи "Помир" бо табассуму қарсакзании дурудароз пешвоз гирифтанд. Ва на он қадар муҳим аст, ки ин бачагон кадом ҷойро ишғол кардаанд.

Аз ҳама муҳим - ба ин мусобиқа омадани онҳо, воқеӣ шудани орзӯяшон буд. Инчунин имконияти боварӣ ҳосил кардан ба он ки тамоми чиз имконпазир аст, ва ҳама аз худи ту вобаста аст.

Дар баробари гурӯҳҳои бештар омодадида, бачагон аз Тоҷикистон дар ҳар як қитъаи майдон мубориза мебурданд, ба якдигар боварӣ доштанд, ва дар ҳақиқат бозии сатҳи хуберо нишон доданд.

Пас аз ба анҷом расидани мусобиқа сармураббии дастаи "Помир" танҳо ҳаминро қайд кард, ки ҷуғрофияи кишварашон имкон намедиҳад то дар чунин майдонҳои хубе, ки созмондиҳандагони мусобиқа футболи "Оянда аз худи ту вобаста аст", барояшон ироа кардаанд, бозӣ кунанд. 

"Мо сангу кӯҳ дорем. Бачаҳо бо варзиш машғуланд, мубориза мебаранд. Барояшон ба ин ҷо омадану, дар мусобиқаи мазкур иштирок кардан, веқеан як хушбахтист", — қайд намуд вай.

Ба ин ҳеҷ чиз илова карда намешавад, ин дар ҳақиқат хушбахтст!

Лентаи хабарҳо
0