23:35 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Комроншоҳ Устопириён

Медали тиллои Комроншоҳ Устопириён дар қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ

© Страница вконтакте / Комроншох Устопирён
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
113 0 0

Комроншоҳ Устопириён ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба қӯштии ҷудо дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд шуд

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба қуштии ҷудо баргузор шуд.

Бино бар иттилои раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Суғд мусобиқа бо мақсади оммавигардонии варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш, ва муайян намудани дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ баргузор шудааст.

Сабқат аз 5 то 6 майи соли ҷорӣ дар толори варзишии "Шоҳин"-и шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, мусобиқаи мазкур дар доираи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон-2018 ташкил гардида, дар он беш аз 50 нафар варзишгарони ҷумҳурӣ аз дастаҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияи Рашт ва ноҳияҳои тобеъи марказ аз рӯи 7 вазн рақобат карданд.

Дар натиҷа ғолибони Қаҳрамонии ҷудои Тоҷикистон-2018 аз рӯи вазнҳои гуногун чунин муайян шуд:

Вазни 60 кг: Боқиев Сӯҳроб, аз Хатлон

Вазни 66 кг: Ёқубҷон Боқиев, аз  ВМКБ

Вазни 73 кг: Мирзоҷамил Рамазонов, аз Хатлон

Вазни 81 кг: Акмал Муродов, аз Хатлон

Вазни 90 кг: Комроншоҳ Устопириён, аз Суғд

Вазни 100 кг: Саидҷалол Саидов, аз Душанбе

Барчаспҳо:
пирӯзӣ, ғолибият, Комроншоҳ Устопириён, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ