06:34 23 майи 2018
Пахши мустақим
Таджикская сборная на открытии первого в истории чемпионата мира по футболу среди детей-сирот

Бузург мешавему ҳатман пирӯз мешавем: дастаи наврасони ҶТ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол

© Sputnik / Стас Этвеш
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
45 0 0

Бачагони ятим барои ширкат дар сабқати байналмилалии футбол дар доираи тарҳи “Оянда аз ту вобаста аст” аз Тоҷикистон ба Маскав омаданд

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik, Лев Рижков, Расул Хачиров. Дар сабқати Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол байни ятимбачагон таҳти унвони "Оянда аз ту вобаста аст", ки имрӯзҳо дар Маскав мегузарад, дар бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дастаи миллии Тоҷикистон иштирок кард.

Ғалаба кардан, мутаассифона, муяссар нашуд, вале писарбачагон хеле бомуваффақият мубориза бурданд.

Рӯзноманигорони Sputnik бозиҳоро тамошо карда, бо мураббиёни дастаи миллӣ сӯҳбат карданд.

Чаҳорчӯби сахтгиронаи сабқати футбол

Бозиҳои сабқати Маскав дар "Сапан-Арена"-и варзишгоҳи Локомотив баргузор гардид. Ин ба назар чунин мерасад: майдони футбол ба чор бахш тақсим карда шуда, ҳамзамон мумкин аст дар ҳамаи онҳо бозӣ кунед. Аммо дар чаҳоряки майдон бозӣ ҳам душвортару, ҳам зичтар мегузарад. Вақти бозингарони наврас нисбат ба ҳамтоёни бузургашон низ камтар аст- ду давраи даҳминута бо танаффуси хеле кӯтоҳ.

"Барои кӯдакон ин лоиҳа — имкони бозӣ кардан дар сатҳи байналмилалӣ, маънои шиносоӣ ва алоқа бо ҳамсинну солҳояшон аз кишварҳои дигар ва пайдо кардани дӯстони навро дорад. Ҳар сол ин тарҳ дар Тоҷикистон ба бачагони ятимхонаҳо имкони худро нишон додан ва дарк намудан медиҳад, ки дар ҳақиқат ояндаи онҳо аз худашон вобаста аст", — мегӯяд Валентина Бутник, мудири хадамоти робита бо ҷамеъаи ширкти "МегаФони Тоҷикистон".

Тоҷикистон рақиби фаворитҳо 

Рақиби нахустини (ва душвортарини) мунтахаби Тоҷикистон дастаи миллии Непал шуд. Тибқи арзёбии якдилонаи мутахассисон ва коршиносон  — Непал яке аз номзадҳои эҳтимолии унвони чемпионӣ аст. Ҳамчунин имкониятҳои хеле хуб чемпиони соли гузашта — Покистон дорад. Ва дар ҳақиқат, дастаи мунтахаби Непал зоҳиран хеле калонсол метофт. Аммо бозингарони дастаи миллии Тоҷикистон шабеҳи хонандагони мактаб буданд.

Бозӣ бо Непал бисёр танишовар ва асабонӣ буд. Он аз якчанд лаҳзаи хатарнок дар назди дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон сар шуд. Ҳис карда мешуд, ки дастаи миллии Непал ба ҳарифони худ фишор меорад.

Бозигарони навраси дастаи Помир
© Пресс-служба Мегафон Таджикистан

Тоҷикистон ба ҳуҷумҳои ҷавобӣ гоҳ-гоҳ мегузашт. Дарвозабон мунтахаби мо то ҳадди тавон дастаашро наҷот медод, вале непалиҳо зӯртар баромаданду, ба ҳар ҳол голи якумро заданд.

Ҳисоб 1:0 ба фоидаи Непал шуд.

Пас аз сар додани гол, дастаи миллии Тоҷикистон муттаҳид шуду, якчанд ҳамлаҳои ҷавобӣ кард, вале тӯб ҳеҷ ба дарвозаи ҳариф ворид намешуд.Вазъиятро қариб духтарон аз дастаи Русия мешикастанд, ки дар канори майдон саф ороста буданду, баланд садо мебароварданд: "ТО-ҶИ-КИС-ТОН!".

Бачаҳо каме рӯҳбаланд шуда буданд, вале ин замон занги танаффус садо дод. Дар оғози нимаи дуюми бозӣ, меҳмонони ҳимолоӣ аз нав дарвозаи меҳмонони помириро ҳуҷум карданд. Ва пас аз ҳуҷуми дуввум, ҳисоб 2:0 ба фоидаи мунтахаби Непал шуд, ва то охири бозӣ бошад, — 3:0.

Чунин менамуд, ки ҳама чиз ҳаллу далли худро ёфтааст. Аммо бозингарони тоҷикистонӣ тавонистанд қувваҳои охирини худро ҷамъ оваранду, то якчанд лаҳза пеш аз ба охир расидани бозӣ, ба дарвозаи песафи мусобиқа тӯби ҷавобӣ зананд. 

Ҳисоби ниҳоӣ — 3:1.

Бачагон-ятимони хиёбон

Бале, Тоҷикистон шарафмандона мубориза мебурд, аммо ҳис карда мешуд, ки бозӣ ахлоқан ва ба таври ҷиддӣ бачаҳоро вайрон кардааст. Дар бозӣ бо дастаи миллии Кения дигар "оташ" тамоман намерасид.

Бозӣ аз ҷониби онҳо сусту ноумедкунанда буд, Кения куллан ба тӯб соҳибӣ мекард. То ҳадде, ки дар нимаи дуюми бозӣ қариб буд худашон ба дарвозаи худ гол зананд. Вале ба ин нигоҳ накарда, ҳисоб дар бозӣ 1:0 ба фоидаи мунтахаби Кения шуд.

Пас аз бозӣ мо бо мураббии даста Ҳамза Пиров мулоқот кардем.

"Ба бачагони мо каме нерӯ намерасид, ̶  мегӯяд мураббӣ,  ̶  рақибони мо ҷисман бақувваттар буданд. Кӯдакони ҳақиқии хиёбон. Вале мо то охир кӯшиш кардем".Тибқи андешаи Бутник, ба дастаи миллии Тоҷикистон рақибони пурқувват афтода буданд, аммо дастаи "Наврӯз" фишори футболро мардонавор қабул кард ва ҳеҷ гуна эҳсосотро барои тамошобинон нишон надод.

"Ҳоло мо чанд рӯзи дигар дар пеш дорем, ки пур аз мулоқоту эҳсосот ва рӯйдодҳоянд. Ин мусобиқаи футбол дар хотироти кӯдакони тоҷикистонӣ тамоми ҳаёт мемонад, ва ин аз ҳама чизи муҳимтар аст", — илова кард Бутник.

Дастаи "Наврӯз" аз ноҳияи Шаҳринав, ки ҷумҳуриро дар мусобиқаи байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон, барандаи медалҳои нуқраву биринҷии мпусобиқаҳои байналхалқӣ мебошад. 

Танҳо боварӣ мемонад, ки бачагон ба воя мерасанду, ба ватан бо ғалабаҳои нав бармегарданд.

"Оянда аз ту вобаста аст"

Ба чаҳорниҳоии сабқати Ҷоми ҷаҳонии футбол байни ятимбачагон дастаҳои зерин гузаштанд: дар байни духтарон мунтахабҳои Русия, Бразилия, ИМА, Танзания, Боливия, Англия, Филиппин ва Маврикия; дар байни писарон мунтахабҳои Покистон, Тоҷикистон, Миср, Индонезия, Бурунди, Белорус, Непал, Узбакистон.

Мавзӯъҳои асосӣ