Се медали тиллои духтари тоҷик дар сабқати кикбоксинги Бишкек

© МВД РТТаджикская девушка выиграла три золотые медали по кикбоксингу
Таджикская девушка выиграла три золотые медали по кикбоксингу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Духтари тоҷик Миҷгона Самадова дар се намуди варзиш соҳиби 3 медали тилло гардид

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Рӯзи 13-уми май дар фурудгоҳи Душанбе, варзишкорони тоҷик, аз ҷумла курсанти курси 1 Академия Самадова Миҷгонаро волидон, хешу табор ва курсантону омӯзгорони Академия бо гулу гулдаста истиқбол гирифтанд.

Миҷгона Самадова дар мусобиқаи Осиё оид ба кикбоксинг соҳиби се медали тилло шуд, хабар медиҳад ВКД.

Лолабегим Мемоншоева заняла первое место на чемпионате Москвы по боксу - Sputnik Тоҷикистон
Лолабегим Мемоншоева қаҳрамони муштзании Маскав шуд

Ӯ аз намудҳои Фул-кантак (ҳарифон аз давлати Қирғизистон, Канада ва Эрон), Кик-лайт (ҳарифон аз давлати Ҳиндустон, Тайланд, Узбакистон ва Эрон) ва Лайт-кантакт (ҳарифон аз давлати Қирғизистон, Чин ва Эрон) дастболо гардид.

Манбаъ афзуда, ки ин муваффақияти аввалини Миҷгона набуда, ӯ дар бисёр сабқатҳои минтақавию байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст.

Аз ҷумла, зимни иштирок дар панҷумин бозиҳои Осиё, ки моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Ишқобод баргузор гардиданд, дар вазни 60 кило дар намуди кикбоксинг ҷойи аввал ва медали тиллои ин мусобиқаи сатҳи баландро ба даст овардааст.

Мусобиқаи осиёӣ оид ба кикбоксинг аз 6 то 13 майи соли ҷорӣ дар Қирғизистон миёни варзишкорони 33 давлати Осиё баргузор гардид.

Дар он аз дастаи яккачини Тоҷикистон 20 варзишгар ширкат карданд.

Варзишгарони тоҷик, дар маҷмӯъ соҳиби 23 медал (15 тилло, 4 нуқра ва 4 медали биринҷӣ) гардиданд ва ҳамин тавр, Тоҷикистон ҷойи сеюми мусобиқаро ба даст овард.

Лентаи хабарҳо
0