21:26 20 сентябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR11.09
  • RUB0.14
Тӯб, акс аз бойгонӣ

ФФТ 3 футболбозро ба муддати 1 сол аз сабқатҳо ронд

© Sputnik / Алексей Филиппов
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
76 0 0

Як бозикуни дигари "Саройкамар" ба ҳамин ҷурм аз 10 бозӣ пеш карда шуд ва ӯ низ 1 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима шуд.

ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Федерасиюни футболи Тоҷикистон 3 тан футболбозро ба муддати як сол аз бозиҳо рондааст.

Дар дафтари ФФТ таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи кумитаи назорат ва интизом баргузо шуд.

Бар асоси тасмими ин кумита, як бозикуни бошгоҳи "Ҳулбук ва 2 бозикуни бошгоҳи "Саройкамар" барои низо бо доварон ба муддати 1 сол аз бозиҳо пеш карда шуданд, ъилова бар ин, ҳар яке аз онҳо 1 ҳазору 250 сомонӣ (138,8 доллар) ҷарима шуданд.

Як бозикуни дигари "Саройкамар ба ҳамин ҷурм аз 10 бозӣ пеш карда шуд ва ӯ низ 1 ҳазору 250 сомонӣ ҷарима шуд.
Кумитаи назорат ва интизоми ФФТ бо тасмими дигар сармураббиёни бошгоҳҳои "Равшан", "Ҳулбук" ва "Саройкамар"-ро ба ҷурми тавҳини довар аз 3 бозӣ пеш карданд.

Ҳамчунин, кумита дар мавориди дигари нақзи ойинномаи интизом тасмимҳои худро гирифт.

Барчаспҳо:
футбол, ФФТ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ