Русия дар ҳузури шоҳзода ибн Салмон Арабистонро 5-0 шикаст дод

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкФутбол. ЧМ-2018. Матч Россия - Саудовская Аравия
Футбол. ЧМ-2018. Матч Россия - Саудовская Аравия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар нахустин бозии ҷоми футболи ҷаҳон тими миллии Русия дастаи Арабистони Саудиро 5-0 шикаст дод

ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар Русия ҷоми футболи ҷаҳон оғоз шуд. Бозӣ миёни тимҳои мунтахаби миллии Русия ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Маскав, дар варзишгоҳи "Лужники" бо пирӯзии Русия бо ҳисоби 5-0 анҷом ёфт.

Ҳисобро дар дақиқаи 12-ум нимҳимоятгари мунтахабаи Русия Юрий Газинский боз кард.

Пас аз голи аввал Денис Черишев, Артём Дзюба ва Александр Головин ба дарвозаи Арабистони Саудиро боз 4 голи дигар заданд.

Ҳамин тавр бозии ҷолибу ҳассоси Русия бо ҳисоби бузурги 5:0 ба поён расид.

© Youtube / Россия 24Реакция Владимира Путина на первый гол в матче Россия - Саудовская Аравия
Реакция Владимира Путина на первый гол в матче Россия - Саудовская Аравия - Sputnik Тоҷикистон
Реакция Владимира Путина на первый гол в матче Россия - Саудовская Аравия

Лозим ба ёдоварист, ки шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибн Салмон ва раисҷумҳури Русия Владимир Путин бозии тимҳои кишварашонро тамошо карда, бо як дигар гуфтугӯ мекарданд.

Мусобиқоти футболи Ҷоми ҷаҳон барои аввалин бор аст, ки дар Русия баргузор мешавад.

Бозиҳои футбол дар Русия 14-уми июн шуруъ шуд. Маросими кушоиши мусобиқоти ҷоми ҷаҳон-2018 пеш аз бозӣ миёни тимҳои миллии Русия ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Маскав, дар варзишгоҳи "Лужники" сурат гирифт.

Бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Русия — Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Сочи, Екатеринбург, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Волгоград, Нижний Новгород ва Калининград баргузор хоҳад шуд.

Мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон то 15-уми июл идома хоҳад ёфт.

Лентаи хабарҳо
0