Дар дақиқаи чорум: Роналдо аллакай ҳисоби бозии Португалия ва Марокашро боз кард

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкКриштиану Роналду
Криштиану Роналду - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Криштиано Роналдо дар дақиқаи 4-ум ҳисоби бозиро бо тими миллии Марокаш боз кард

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ситораи футболи Португалия Криштиано Роналдо дар дақиқаи чорум ба дарвозаи Марокаш тӯб зада, ҳисоби бозиро боз кард.

Ёдрас мешавем, имрӯз, 20 июн, соати 15:00 (бо вақти Маскав) дар варзишгоҳи "Лужники" мусобиқоти тимҳои мунтахаби Португалия ва Марокаш оғоз шуд.

Давраи якуми бозии дастаҳо бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи португалиҳо анҷом ёфт.

Дар ҳамин ҳол, ин голи чоруми Криштиано Роналдо дар Ҷоми ҷаҳонии футбол мебошад. Қаблан Роналдо ба дарвозаи Испания се голи дигар ба ҳадаф расонда буд.

Лозим ба ёдоварист, ки инчунин имрӯз ду дастаи дигари гурӯҳи "В" — Эрон ва Испания низ бозӣ хоҳанд кард.
Дар ҳоли ҳозир Эрон бо се имтиёз дар гурӯҳи "В" ҷои аввалро ишғол мекунад.

Тимҳои миллии Испания ва Португалия бо якимтиёзӣ дар ҷойҳои дуввуму севум ва Марокаш бидуни имтиёз дар ҷои чорум қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0