Футболи бесобиқа: Хорватия умедҳои Аргентинаро барбод дод

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкФутбол. Товарищеский матч. Россия - Аргентина
Футбол. Товарищеский матч. Россия - Аргентина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими миллии футболи Хорватия шоми 21 июн дар варзишгоҳи шаҳри Нижний Новгород дастаи Леонел Месси - Аргентинаро шикаст дода ба плей-офф роҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Яке аз тимҳои беҳтарини дунё, ки беҳтарин ситораҳои футболро (, Месси, Агуэро, Маскерано) гирд овардаастмебошад,  натавонист дастаи футболи Хорватияро шикаст диҳад.

Бозии дастаи Хорватия ва Аргентина бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт.

Бозии қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Аргентина бо дастаи мунтахаби Хорватия  хеле пуршиддату ҷолиб сурат гирифт.

Дар нимаи дувуми бозӣ ҳарчанд аргентиниҳо барои голзанӣ талош карданд, натавонистанд ба ҳадаф бирасанд.

Дар дақиқаи 53-ум бозингари Хорватия Анте Ребич ба дарвозаи Аргентина гол зада ҳисобро боз кард. Ҳарчанд Ленонел Месси кушиш кард натавонист тӯберо ба дарвоза расонад, аммо футболбозони Хорватия ба дарвозаи Аргентина боз ду голи дигар заданд. Дар дақиқаи 80 Лука Модрич ва дар дақиқаи 90-ум Иван Ракитич умеди Аргентинаро пора-пора карданд.

© Sputnik / Михаил Сербин / Гузариш ба медиабонкФутбол. ЧМ-2018. Матч Аргентина - Хорватия
Футбол. ЧМ-2018. Матч Аргентина - Хорватия - Sputnik Тоҷикистон
Футбол. ЧМ-2018. Матч Аргентина - Хорватия

Ҳамин тавр тимми милли Аргентина дар ҳузури даҳҳо ҳазор ҳаводорони худ ва яке аз беҳтарин бозигарӣ ҷаҳон Марадона, ки дастаи Аргентинаро ду карат чемпиони ҷаҳон карда буд, шикаст хӯрд. Дар ҳамин ҳол Тими милли Хорватия ба сабқати плей-офф роҳхат гирифт.

Имрӯз тими миллии Бразилия, ки дар бозии аввал натавонист ба дастаи Исландияро пирӯз шавад, дар шаҳри Санкт-Петербург бо тими миллии Коста-рика бозӣ хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0