05:00 21 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Диего Марадона

Марадона хабари бемориашро такзиб кард

© Sputnik Дмитрий Дубинский
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
141 0 0

Бархе аз расонаҳои хабарӣ иттилоъ доданд, ки пас аз бозии Аргентина – Нигерия футболбози машҳури ҷаҳон Диего Марадона бемор шуд ва ба бемористон интиқол ёфт

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Собиқ бозингари тими Аргентина, чемпиони ҷаҳон дар соли 1986 Диего Марадона хабари бемор шуданашро такзиб кард ва гуфт,  ки сиҳату саломат аст.

Тими миллии Аргентина рӯзи сешанбе дар варишгоҳи шаҳри Санкт-Петербург дастаи Нигерияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода ба даври плей-офф, ки бо тими Фаронса рақобат мекунад, роҳ ёфт. Тибқи маълумоти расонаҳо Марадона пас аз анҷоми бемор гашта, ба бемористон бистарӣ шудааст.

"Ман мехоҳам ҳамаро хабардор кунам, ки ман сиҳату саломат ҳастам. Дар танаффуси бозӣ бо Нигерия гарданам як каме дард гирифт ва ман як каме нороҳат шудам. Ман аз санҷиши пизишкон гузаштам ва ба ман тавсия доданд, ки то оғози қисми дувуми бозӣ ба хона биравам, аммо ман мехостам бимонам, зеро бозӣ барои тими ман ҳалкунанда буд. Оё ман метавонам равам? Ташаккур барои дастгирӣ" — навиштааст Марадона дар Instagram.

Марадона бозиро дар варзишгоҳ аз ҷойҳои VIP тамошо мекард.

Ҳангоми пахши бозӣ наворбардор чандин лаҳзаҳои ҳассоси Марадонаро нишон дод. Барои мисол баъди голи дувум дастааш қаҳрамони Аргентина Марадона ишораи таҳқиромез нишон дод.

Барчаспҳо:
Марадона, Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018, футболбозӣ, ҷоми ҷаҳон, футбол, Ҷоми ҷаҳон-2018, аргентинӣ, футболбозон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ