04:20 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Футболбозони навраси тоҷик медали биринҷӣ ва 3 ҳазор доллар гирифтанд

© ФФТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Дастаи мунтахаби наврасони футболбози то 16-солаи Тоҷикистон, таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар мусобиқаи байналмилалии футбол барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон ҷои сеюмро ишғол кард

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар бозӣ барои медалҳои биринҷӣ ҷавонони кишвар бар дастаи мунтахаби Қазоқистон (U-17) бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Голҳоро Ҷонибек Шарифов ва Ислом Зоиров ба ҳадаф расонданд.

Қаблан шогирдони Зайниддин Раҳимов бар дастаи мунатахаби Қазоқистон (U-16) бо ҳисоби 3:0 ғалаба карда, аз дастаи Академияи Краснодар (U-17) бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрда буданд.

Мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раисиҷумҳури Қазоқистон 24-28 август дар Талгар бо иштироки шаш даста дар ду гурӯҳ баргузор шуд.

Ба гурӯҳи "А" дастаҳои Қазоқистон (U-17), Қирғизистон (U-17), Озарбойҷон (U-17), ба гурӯҳи "В" дастаҳои Академияи Краснодар (U-17), Қазоқистон (U-16) ва Тоҷикистон (U-16) дохил буданд.

Дар бозӣ барои ҷои панҷум дастаи Қазоқистон (U-16) бар тими Қирғизистон (U-17) бо ҳисоби 4-0 ғалаба кард.

Бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои Академияи Краснодар (U-17) ва тими Озарбойҷон (U-17) дар даври забраҳои 11 метрӣ ба фоидаи тими Русия анҷом ёфт.

Хазинаи ҷоизавии мусобиқа 15000 долларро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо 7000 доллар, дастаи ҷои дуюм бо 5000 доллар ва дастаи ҷои сеюм бо 3000 доллар мукофотонида мешаванд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, иштирок дар мусобиқаи мазкур барои тими ҷавонони Тоҷикистон як марҳилаи омодагӣ ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018 ба ҳисоб меравад, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия баргузор хоҳад шуд. Футболбозони ҷавони мо дар гурӯҳи "А" бо ҳамсолонашон аз Малайзия (20 сентябр), Ҷопон (23 сентябр) ва Тайланд (26 сентябр) вомехуранд.

Барчаспҳо:
медали биринҷӣ, медал, футбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ