12:56 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Комроншоҳ Устопириён, акс аз бойгонӣ

Осиё - 2018: Устопириён ва Мирмамадов барои Тоҷикистон медал оварданд

© Страница вконтакте / Комроншох Устопирён
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
98120

Паҳлавонони тоҷик Комроншоҳ Устопириён ва Шакармаҳмад Мирмаҳмадов барои тими Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё - 2018 ду медали дигар оварда, шумораашонро ба 5 расонданд

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Устопириён дар сабқати ҷудо бо паҳлавони қазоқ, Ислом Бозбоев пирӯз шуда, дар вазни то 90 кило медали биринҷиро ба даст овард.

Инчунин ҷудокори тоҷик Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кило соҳиби медали биринҷӣ гардид.

Қаблан дар Бозиҳои Осиё — 2018, Шаҳриёр Даминов дар қаиқронӣ,  Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 81 кило дар куштии кураш медалҳои нуқра ба даст оварданд.

Барчаспҳо:
ҷудо, тим, Осиё, медали биринҷӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ