05:49 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Пойга дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Қарори шаҳрдорӣ барои пойгаи аспдавонӣ дар Душанбе: аз ҷалби беҳтаринҳо то таъмини амният

© Sputnik
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
143 0 0

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе қарор кардааст, ки 15 сентябри соли равон, соати 15 : 00 дар "Наврӯзгоҳ"-и пойтахт мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ баргузор карда шавад

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ масъулинро муваззаф кардааст, ки ба пойга беҳтарин аспсаворон ва корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ ҷалб карда шаванд. Дар доираи пойга инчунин барномаи фарҳангӣ бо ҷалби ҳунармандони  маъруфи кишвар дар назар аст.

Рустами Эмомалӣ ба мақомоти умури дохилӣ, амнияти миллӣ, тандурустӣ ва оташнишонҳо дастур додааст, ки ҳангоми пойга тартиботи ҷамъиятию амнияти шаҳрвандонро таъмин намоянд.

Маблағи хароҷоти пойга, ки 48 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад, аз суратҳисоби махсуси шаҳрдорӣ ҷудо карда мешавад. Ба иттилои шаҳрдории Душанбе маблағ ба  суратҳисоби махсуси ҳукумати Душанберо шаҳрвандон бо ташаббуси худ тариқи эҳсонкорӣ мегузаронанд.  

Шаҳрдори Душанбе муовинонаш  Зувайдзода ва  Муиниро масъули иҷрои қарори мазкур таъин кардааст.

Барчаспҳо:
беҳтаринҳо, шаҳрдорӣ, қарор, аспдавонӣ, пойга, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ