03:25 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Маросими ҷоизасупорӣ ба барандаҳои мусобиқаи кураш дар Тошканд

Сабқат барои ҷоизаи Мирзиёев: паҳлавони тоҷик 10 ҳазор $ гирифт

Национальный олимпийский комитет Узбекстана
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
471 0 0

Мусобиқаи байналмилалии кураш барои ҷоизаи раисиҷумуҳури Узбакистон дар Тошканд ба анҷом расид

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Узбакистон, мусобиқа дар вазни мутлақ бо иштироки 40 паҳлавон баргузор гардида, ба даври ниҳоӣ ду варзишгари Узбакистон — Бекмурод Олтибоев ва Шералӣ Ҷӯраев расиданд.

Ҷӯраев бо пирӯзӣ дар даври ниҳоӣ унвони қаҳрамон ва 50 ҳазор доллар ва Олтибоев барои мақоми дуюм 25 ҳазор доллар мукофотпулӣ гирифт.

Ба соҳибони медали биринҷӣ — Темур Раҳимов аз Тоҷикистон ва Аслан Камбиев аз Русия 10 ҳазор долларӣ супорида шуд.

Манбаъ афзуд,  ба иштирокдороне, ки ҷойи аз 5 то 8 гирифтанд дар ҳаҷми 1250 долларӣ мукофотпулӣ супорида шуд.

Дар Узбакистон 6 сентябр рӯзи Кураш, навъи миллии варзиш эълон шудааст.

 

Барчаспҳо:
кураш, паҳлавон, тоҷик, пирӯзӣ, ҷоиза, Узбакистон-Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ