12:04 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Таджикский боксер Мехрубон Сангинов, архивное фото

Шартномаи Меҳрубон Сангинов бо тими муштзани машҳури ҷаҳон Флойд Майвезер

© из личного архива Мехрубона Сангинова
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
206 0 0

Акнун манфиати Меҳрубон Сангинов, чемпиони ҷаҳон оид ба боксро тими машҳури варзишкори амрикоӣ Флойд Майвезер ҳимоят хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 20 сен - Sputnik. Муштзани машҳури тоҷик Меҳрубон Сангинов бо тими амрикоии The Money Team (TMT), ки ба муштзани машҳур Флойд Майвезер тааллуқ дорад, шартнома ба имзо расонд.

Дар ин бора варзишкор дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳаводоронаш хабар додааст.

“Дӯстон ва наздикони азиз мехоҳам расман ба шумо як хабари хушу муҳимро расонам. Ман бо беҳтарин тим ҷаҳон – “TheMoneyTeam”, бо роҳбарии Флойд Майвезер шартнома имзо намудам. Акнун аз ман Дуан Блэйк, бародари Майвезер ва ҳамчунин роҳбари ширкати Affiliation Management намояндагӣ карда манфиатамро ҳимоят хоҳад кард”, - гуфтааст Меҳрубон Сангинов.

Аввалин рақобати Меҳрубон бо намояндагӣ аз ширкати ТМТ 30 ноябри соли равон дар Тсинитсиннати иёлоти Огайои Амрико баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Флойд Майвезер муштзани мағлубнашудаи ҷаҳон дар вазни миёна ба ҳисоб меравад. 

Мавзӯъҳои асосӣ