Собиқ мурабии тими “Помир”-ро ба суперлигаи Умон даъват карданд

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкФутбол. ЧМ-2018. Тренировка сборной Бельгии
Футбол. ЧМ-2018. Тренировка сборной Бельгии - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тими “Маҷис” аз Умон, Файз Давлатовро бо тавсияи Амин Субҳонӣ мутахассиси эронӣ даъват намудааст

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Собиқ мурабии дарвозабонҳои тими “Помир” Душанбе Файз Давлатов фаъолияти худро дар тими  суперлигаи Умон “Маҷис” идома медиҳад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти федератсияи футболи Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, Файз Давлатовро ба тими “Маҷис” бо тавсияи Амин Субҳонӣ, мутахассиси эронӣ, ки қаблан тӯли якуним сол ба ҳайси мураббии “Помир” кор карда буд,  даъват шудааст.

Ёдрас мешавем, ки пас аз бохти бозии чоруми тими “Маҷис” дар Умон сармураббии ин тим мутахассис аз Миср аз кор озод шуда, дар ҷои ӯ Амин Субҳонӣ таъин карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0