19:50 18 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Ҳабиб Нурмуҳаммадов қабл аз сабқат бо Макгрегор

Конор гуфтааст шикояту даъвое алайҳи ҳамлагарон аз тими Ҳабибро надорад

© AP / John Locher
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
88810

Ҳамроҳони Ҳабиб Нурмуҳаммадов, ки баъди ҳамла ба Конор Макгрегор боздошт гардиданд, раҳо шуданд

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар ин бора Дана Уайт, роҳбари UFC зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи роҳбари UFC Конор алайҳи ҳамлагарон даъво накардаст ва пешниҳоди ариза ба пулисро рад намудаст.

Ба гуфтаи Уайт ҳар се узви тими Нурмуҳаммадов, аз ҷумла менеҷери Ҳабиб, Ризвон Муҳаммадов аз боздошт раҳо шудаанд. 

Дар мавриди амали худи Ҳабиб Нурмуҳаммадов таҳқиқот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол Абдулманап Нурмуҳаммадов, падар ва мураббии Ҳабиб, қаҳрамони  UFC дар вазни сабук гуфт, писарашро барои ташкили хархаша баъди қувваозмоӣ ҷазо хоҳад дод.

“Таҳримҳои ман, сангинтар аз UFC хоҳанд буд. Бояд тартиби интизом бошад. Дар дохили майдон метавонӣ ҳар коре анҷом диҳӣ, аммо дар беруни он одамони оддӣ-занону кӯдаконанд. Беруни майдон бояд оромӣ бошад”, - изҳор доштааст Нурмуҳаммадови калонӣ.

Ҳабиб Нурммуҳаммадов 6 октябр дар пайи пирӯзӣ бар Макгрегор дар даври 4-ум, сӯи тими ӯ дар беруни майдон ҳамла кард, ки бо занозании гуруҳӣ анҷом ёфт.

Барчаспҳо:
Русия-ИМА