22:38 17 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Мубин Эргашев

Баҳои сармураббиҳо баъди пирӯзии Тоҷикистону шикасти Чин (ВИДЕО)

© Sputnik Табылды Кадырбеков
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
186 0 0

Мубин Эргашев, сармураббии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки нахустин сабқаташ дар Ҷоми Осиёро бо шикасти дастаи Чин бо ҳисоби 1-0 анҷом дод, изҳор дошт, ки аз бозии шогирдонаш розист

ДУШАНБЕ, 21 окт – Sputnik. Тибқи иттилои ФФТ, Эргашев зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Чин яке аз дастаҳои пурқуввати Ҷоми Осиё мебошад. .

“Бозӣ хеле мураккаб сурат гирифт ва метавонист ба фоидаи ҳар даста анҷом ёбад. Аммо тавре як дӯстам аз Босния гуфта буд, ин футбол аст ва бахти тими боқувваттар омад мекунад. Бозигарони мо тамоми нерӯяшонро равона карданд, каме парешонӣ буд, аммо ин чизи маъмулист, чун бозии нахустин дар Ҷоми Осиё буд”, - гуфт сармураббиии мунтахаби Тоҷикистон.  

Ӯ ба тамоми мухлисони тим изҳори миннатдорӣ карда, афзуд, ки баъди муваффақияти мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Малайзия, ҳавасмандии тими ҷавонон барои пирӯзӣ бештар мебошад.

Дар мавриди рақиби навбатии Тоҷикистон, - тими Малайзия, Эргашев гуфт, бозии онро мавриди таҳлил қарор хоҳад. Сабқати тимҳои Малайзия ва Арабистони Саудӣ, ки ҳамгуруҳи Тоҷикистон мебошанд, бо ҳисоби 1-2 ба фоидаи Саудӣ анҷом ёфт.

Чэн Яодун, сармураббии ҷавонони Чин дар пайи шикаст аз дастаи Тоҷикистон гуфт, рақиби арзанда ва боқувват буд.

“Футболбозони тими мо бозии хубро нишон надоданд. Ин нахустин бозӣ буд, каме фишор эҳсос мешуд, аммо ҳанӯз ҳама чӣ аз даст нарафтааст. Дар пеш ду бозӣ бо Малайзия ва Арабистони Саудӣ дорем ва барои баромадан аз гуруҳ талош хоҳем кард”, - гуфт сармураббии тими Чин.

Ҷоми Осиё миёни дастаҳои мунтахаби футболбозони ҷавон дар Индонезия идома дорад.

Барчаспҳо:
тими мунтахаби ҷавонон, Ҷоми Осиё, футбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ