14:42 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Арбитры душанбинского клуба Истиклол

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони футболи Тоҷикистон гардид

Федерация футбола РТ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
47 0 0

Пурқувваттарин дастаи футболи шаҳри Душанбе бори ҳафтум ғолиби Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ гардид

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар даври бистуми  Чкмпионат, ки имрӯз,  7-уми ноябр доир гардид,  "Истиқлол"   дар майдони худ – Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ – бозиро  ба ССКА "Помир"-и Душанбе   бо ҳисоби 0:1 бохт.  Тӯби  ягонаро дар дақиқаи 54-ум Шодибек Ғаффоров ба ҳадаф  расонид.

Вале ин бохт мавқеи "Истиқлол"-ро дар ҷадвали мусобиқа тағйир надод – дастаи пурқувваттарини пойтахт  бо 48 имтиёз барои рақибонаш дастнорас шуд ва  қабл аз даври охирини мусобиқа соҳиби медалҳои тилло гардид.

Дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, ки дар ҷадвал бо 43 имтиёз ҷойи дуюмро касб намудааст, бо медалҳои нуқра мукофотонида мешавад. Хуҷандиҳо дар даври бистум дар меҳмонӣ аз дастаи  "Хатлон"-и Бохтар бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрданд.

Дастаи нави лигаи олӣ – "Кӯктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо 30 имтиёз дар зинаи сеюм ҷойгир шудааст, новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш 11-уми ноябр дар меҳмонӣ бо "Хуҷанд" пешакӣ медалҳои биринҷиро азони худ кард. "Кӯктошиҳо" дар даври бистум бозиро 7-уми ноябр дар майдони худ ба "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода бо ҳисоби 1:2 бохтанд.

Боз як бозии даври бистум рӯзи чоршанбе дар варзишгоҳи ба номи Уктам Маматови ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир гардид. Дастаи мизбон – "Панҷшер"  тими “Барқчӣ”-и Ҳисорро, ки дар зинаи охирин ҷойгир шуд, бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Мавзӯъҳои асосӣ