16:09 22 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Футбол. ЧМ-2018. Тренировка сборной Бельгии

Мусобиқаи футбол миёни марзбонони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон: кӣ пирӯз шуд?

© Sputnik / Антон Денисов
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
82 0 0

Дар доираи тақвияти ҳамкориҳои минтақавии марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар ҳамкорӣ бо барноами дафтари САҲА дар шаҳри Бишкек мусобиқаи футболи хурдро баргузор намуд

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дастаҳои футболи хадамотҳои марзбонии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон, инчунин дафтари САҲА дар Бишкек дар мусобиқаи футболи хурд зери шиори “Иттиҳодии марзӣ – ягонагии варзишӣ” иштирок намуданд, иттилоъ Гулмира Борубаева, роҳбари дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ба  хабаргузории РИА Новости.

“Дар доираи тақвияти ҳамкориҳои марзӣ бо ҷумҳуриҳои ҳамсоя Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон дар ҳамкорӣ бо барномаи дафтаи САҲА дар шаҳри Бишкек мусобиқаи футболи хурдро баргузор намуданд. Дар бозиҳои дӯстона тимҳои марзбонони вилояти Ботканди Қирғизистон, вилояти Суғди Тоҷикистон ва дастаи марзбонони Узбакистон аз самти шарқи кишвар иштирок намуданд. Дар мусобиқаи мазкур бори аввал аст кормандони барномаи дафтари САҲА дар Бишкек, ки дар ин минтақа барномаҳои марзиро роҳандозӣ кардаанд, иштирок намуданд”, - гуфтааст Борубаева.

Ба гуфтаи вай, мусобиқаи футболи ҷолиб, ки тамошобинони зиёдро ба худ ҷалб кардааст дар маҷмааи варзишии тозабунёд, ки дар шаҳри Қизил-Қиёи Қирғизистон аз тарафи ширкати “Газпроми”-и Русия сохта шудааст, баргузор гардид.

“Варзиш ҳамеша натанҳо барои қави кардани ҷисму саломатии инсон фоида дошт балки барои муттаҳид намудани мардум низ саҳми бузург дорад. Боварӣ дорам, ки шиори мусобиқаи мо, барои тақвияти ҳамкориҳо ва пурзур намудани назорати муштараки марзҳо мусоидат хоҳад кард”,- таъкид кардааст зимни мусобиқаи мазкур роҳбари ситоди марказии Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Абдукарим Олимбоев.

Дар поёни мусобиқа ба дастаҳои марзбонони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон тӯҳфаву ифтихорномаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дар ҳамин ҳол, Гулмира Борубаева аз паҳлуҳои мусбати мусобиқа баргузоршуда таъкид намуда гуфтааст, ки ҳангоми гузаронидани  мусобиқаи мазкур намояндагони мақомоти маҳалӣ пешниҳод намуданд, ки чунин мусобиқаҳо натанҳо миёни марзбонон балки байни аҳолии минтақаҳои назди марзии се кишвар низ баргузор карда шавад.

Барчаспҳо:
футбол, мусобиқа, марзбонон, Қирғизистон, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ