Раиси Бонки миллӣ қаиқрони қаҳрамони Тоҷикистонро қадрдонӣ кард

© дафтари матбуоти Бонки миллии ТоҷикистонҶамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки Миллӣ ҳангоми додани Ифтихорнома ва кӯмакпулӣ ба Шаҳриёр Даминов, қаиқрони тоҷик
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки Миллӣ ҳангоми додани Ифтихорнома ва кӯмакпулӣ ба Шаҳриёр Даминов, қаиқрони тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шаҳриёр Даминов, қаиқрони тоҷикро барои дастовардҳояш дар соли 2018 бо Ифтихорнома ва кӯмакпулӣ қадрдонӣ кард

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои БМТ, Шаҳриёр Даминов соли 2018 дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ду медали тилло ва як медали нуқра ба даст овард.

Хушқадам Хусравов, варзишгари Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Паёми ҷаҳонпаҳлавон Хусравов: ӯ нафаронеро ном бурд, ки қаҳрамони ҷаҳонаш карданд (ВИДЕО)

Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба Даминов дастовардҳои бештар таманно карда, таъкид намудааст, ки чунин иқдом бо мақсади оммавӣ гардонидани варзиш, ҳавасмандии ҷавонони ҷасуру чолок, таҳкими тарзи ҳаёти солим, тарбияи мутахассисони варзида ва рушду инкишофи соҳаи варзиш амалӣ мегарданд.

Шаҳриёр Даминов аз синни 14 солагӣ дар Варзишгоҳи Борбади назди Бонки миллии Тоҷикистон машғули тамрин буда, аз 2013 то 2018 соҳиби унвони қаҳрамони мутлақи кишвар дар риштаи қаиқронӣ гаштааст.

Шаҳриёр Даминов ахиран дар қаҳрамонии Осиё аз рӯи намуди қаиқронӣ ва каноэ дар шаҳри Самарқанд соҳиби мақоми аввал ва медали тилло гардид.

Феълан Даминов таҳти роҳбарии устодаш Нодир Сафаров талош дорад, ки ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ “Токио – 2020” роҳ ёбад.  Бонки миллӣ мегӯяд, Даминов барои роҳёбӣ ба бозиҳои олимпӣ бояд дар Чемпионати ҷаҳон (Маҷористон) мақоми 1 то 6, дар Чемпионати Осиё (Таиланд) ва ё Ҷоми ҷаҳон мақоми аввалро сазовор шавад.

Лентаи хабарҳо
0