Президенти ФИФА ба Рустам Эмомалӣ барқияи шодбошӣ ирсол кард

© ФФТСтарший сын президента Таджикистана Рустам Эмомали
Старший сын президента Таджикистана Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Ассотсиатсияи федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Ҷаннӣ Инфантино ба унвони тими футболи "Истиқлол"-и Душанбе номаи шодбошӣ равон кард

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Президенти ФИФА Ҷаннӣ Инфантино президенти федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалиро ба муносибати бори 7-ум чемпион шудани тими "Истиқлол"-и Душанбе муборакбод гуфт, хабар медиҳад ФФТ.

"Ҷаноби презхидент! Тими футболи "Истиқлол" чемпиони футболи Тоҷикистон-2018 шуд. Ман бо мамнуният шодбошии худро ба унвони тими "Истиқлол" ирсол мекунам. Ин пирӯзӣ натиҷаи меҳнатҳои тамоми аъзоёни гурӯҳ аз бозингарон сар карда то мураббиён ва пизишкону мухлисон буд. Аз номи тамоми иттиҳодияи футболи ҷаҳон мехоҳам тими "Истиқлол"-ро барои тарғиби футбол изҳори миннатдорӣ кунам. Бесаброна мулоқот бо шуморо интизорам", - гуфта мешавад дар мактуби расмии Ҷаннӣ Инфантино.

Ёдрас мешавем, ки тими "Истиқлол"-и Душанбе "тилло"-и ҳафтумашро ба даст овард.

Пештар ин тими пойтахт дар солҳои 2010,2011,2014,2015,2016 ва 2017 қаҳрамони футболи Тоҷикистон гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0