12:30 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Рамзи олимпӣ, акс аз бойгонӣ

Сокинони шаҳри Калгарии Канада мизбонии Бозиҳои олимпиро рад карданд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
58 0 0

Сокинони шаҳри Калгарии Канада алайҳи баргузории Бозиҳои олимпии зимистонаи 2026 дар шаҳрашон овоз доданд

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, раъйпурсӣ дар шаҳри Калгари 13 ноябр баргузор шуда, дар он ҳудуди 768 ҳазор сокин иштирок карданд.

Дар натиҷа 56,4 дарсади аҳолӣ зидди баргузории Бозиҳои зимистонаи олимпии соли 2026 дар Калгари овоз доданд.

Скотт Хатчинсон, намояндаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ гуфтааст, натиҷаи раъйпурсӣ кумитаро шигифтзада кард.

Ӯ аз он ки далелҳои вобаста ба манфиати иҷтимоию варзишӣ сокинонро ба баргузории олимпиада муътақид накардаанд, изҳори таассуф кард.

Мизбони Бозиҳои олимпии соли 2026, 24 июни соли 2019 дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии олимпӣ интихоб мегардад. Баъд аз он ки Калгари аз мизбонии бозиҳо даст кашид, ду дархости дигар -  Милан/Кортина д’Ампессо (Италия) ва Стокҳолм (Шветсия) баррасӣ хоҳанд шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ