Чор бозии мунтахаби Тоҷикистон дар хориҷ бо роҳбарии сармураббии нав аз Узбакистон

© championat.asiaУсмон Тошев, новый тренер олимпийской сборной Таджикистана
Усмон Тошев, новый тренер олимпийской сборной Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 моҳи декабри соли равон тими миллии футбол дар хориҷ ба ҷамъомади машқӣ-таълимии дуҳафтаина фаро гирифта мешавад

ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон  4 бозии рафиқона анҷом медиҳад.

Усмон Тошев, новый тренер олимпийской сборной Таджикистана  - Sputnik Тоҷикистон
Мутахассиси узбак сармураббии мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон таъин шуд

Аз ҷумла 9 декабр дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон муқобили тими мунтахаби Яман ба майдон мебарояд.

Баъдан мунтахаби Тоҷикистон ба Маскат сафар карда, дар он ҷо 13 ва 16 декабр бо тими мунтахаби Уммон ду бозӣ анҷом медиҳад. Сафари мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Манама, бо бозӣ муқобили тими Баҳрайн ба анҷом мерасад. Ин дидор 20 декабр сурат мегирад. 

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро дар бозиҳои рафиқонаи дарпешистода сармураббии нави тими олимпии кишвар (U-23) Усмон Тошеви узбакистонӣ роҳбарӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0