14:20 16 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Шоира Зулкайнарова

Шоира - бонуи муштзани тоҷик ба чорякфиналии чемпионати ҷаҳон роҳ ёфт

© Фото : страница Шоиры Зулкайнаровой в Facebook
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
50 0 0

Муштзани маъруфи кишвар Шоира Зулқайнарова дар даври муқаддамотӣ дар вазни -64кг бар варзишгари Пуэрто Рико Стефан Ақуино бо ҳисоби 5:0 ва 19 ноябр бар намояндаи Чех Мартина Сморанзова бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Муштзани номии тоҷик Шоира Зулқайнарова ба даври чорякфинали чемпионати бокси ҷаҳон миёни бонувон роҳ ёфт, хабар медиҳад Кумитаи олимпии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, муштзани маъруф дар даври муқаддамотӣ дар вазни -64кг 17 ноябр бар варзишгари Пуэрто Рико Стефан Ақуино бо ҳисоби 5:0 ва 19 ноябр бар намояндаи Чех Мартина Сморанзова бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Ҳарифи Шоира дар даври чорякфинал, ки 20-уми ноябр баргузор шуд, Дан Дуи чинӣ буд.

Ду варзишгари дигари кишвар дар даври аввал аз ҳарифонашон шикаст хурданд: Миҷгона Самадова дар вазни -57кг аз варзишгари Кореяи Шимолӣ Ҷо Сун Ҳуа ва Гулмира Исроилова дар вазни -81кг аз намояндаи Белорус Викториа Кабикова.   

Умуман, варзишгарони 33 давлат аз рӯи 10 категорияи вазнӣ дар чорякфинал муборизаро идома медиҳанд.

Чемпионати ҷаҳон миёни бонувон 15 ноябр дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон оғоз гардид, ки то 24 ноябр идома меёбад. Дар чемпионат ҳудуди 350 варзишгардухтари ин намуди варзиш аз 73 давлати ҷаҳон ширкат карданд. 

Мавзӯъҳои асосӣ