12:07 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Истиқбол аз Хушқадам Хусравов, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо дар Хоруғ

Истиқбол аз қаҳрамони ҷаҳон дар Хоруғ - акс

дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
217 0 0

Ҳукумати ВМКБ аз истиқболи Хушқадам Хусравов, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо ва Шакармамад Мирмамадов, барандаи медали биринҷии Ҷоми Осиё – 2018 дар риштаи ҷудо хабар дод

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, аз  Хусравов дар баробари мардуми ВМКБ, инчунин муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода ва раиси шаҳри Хоруғ, Кишвар Шамирӣ  истиқбол гирифтанд.

Хушқадам Хусравов, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо, ки 11 ноябр бо пирӯзӣ бар Руслан Багдасаряни русиягӣ ин унвонро ба даст овард,  дастоварди мазкурро  маҳсулу талоши чандинсолаи падараш Носири Хусрав ва мураббиаш Маҳмадшарифи Сулаймон гуфт.

Хусравов дар таърихи Тоҷикистон сеюмин нафарест, ки унвони қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самборо соҳиб шудааст. Қаблан Саидмуъмин Раҳимов соли 1975 ва Беҳрузи Хоҷазода соли 2017 қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо шуда буданд.

Мавзӯъҳои асосӣ