12:48 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Сабрина Абророва, шоҳмотбоздухтари тоҷик

Чемпионат дар Тошканд: Сабринаи 12-сола дар шоҳмоти фаврӣ мақоми дуюм гирифт

сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Варзиш
Гирифтани линки кӯтоҳ
53 0 0

Сабрина Абророва, шоҳмотбози 12-солаи тоҷик, дар чемпионати Осиёи Ғарбӣ дар навъи шоҳмоти фаврӣ ҷои дуюмро ишғол кард

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik.  Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, чемпионати мазкур аз 16 то 23 ноябр дар шаҳри Тошканди Узбакистон баргузор гардида, Абророва бо дарёфти 5 хол аз 7 холи имконпазир ҷои дуюмро ишғол намуд.

“Дар чемпионат 300 шоҳмотбоз аз 11 кишвар иштирок карданд. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз 10 шатранҷбоз иборат буд”, - омадааст дар иттилоия.

Дар чемпионати мазкур инчунин шатранҷбози навраси тоҷик Меҳриддин Шарифов дар байни писарони то 14-сола сазовори ҷойи чорум гардид.

Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, Сабрина Абророва, хонандаи синфи 6-и мактаби миёнаи рақами 55-и шаҳри Душанбе, шоҳмотбози умедбахш мебошад.

Абророва соли гузашта бори аввал дар мусобиқаи байналмилалӣ – Ҷоми Ботвинник дар Маскав, дар ду бозӣ ғолиб омада, 3 бозиро мусовӣ анҷом дод, ки барои ҷавонтарин иштирокчӣ натиҷаи хуб ба ҳисоб мерафт. Имсол дар 43-юм Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Батумии  Гурҷистон, Сабрина аз 11 холи имконпазир 6,5 хол ба даст овард, ки дар таърихи шоҳмоти Тоҷикистон миёни бонувон натиҷаи беҳтарин ба шумор меравад.

Барчаспҳо:
чемпионат, духтарон, пешсафии шоҳмотбози тоҷик, шоҳмот

Мавзӯъҳои асосӣ